​Андеша оид ба филми ҳуҷҷати "Шикасти фитна"

Мо ҷавонони хуштолеъ шукрона менамоем, ки неъматҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ваҳдати комили миллӣ, дастовардҳои бемислу монанд ва нотакрори фарҳангӣ аст, ки имрӯзҳо миллати меҳанпарвару тамаддунофари мо дар рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки падидаҳои манфӣ, аз қабили ифротгароӣ ва терроризм имруз яке аз амалҳои хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои байналмилалӣ эътироф мешавад. Дар иртибот ба ин, қайд менамоем, ки солҳои охир тибқи расонаҳои хабарӣ ва аз намоиши филмҳои ҳуҷҷатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва “Хиёнат” симои аслии бадхоҳону душманони миллат, аз ҷумла роҳбару пайравони ТТЭ ҲНИ аён гардида буд. Ин навбат бо намоиши филми мустанад бо номи “Шикасти фитна” нақшаҳои разилонаи навбатии бадхоҳони миллат ошкор гардид. Филми “Шикасти фитна” сабабҳои ҳодисаҳои моҳи майи соли равон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баамаломадаро бозгӯ мекард. Мо аз амалҳои пасипардагиву хиёнаткоронаи саргардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, роҳбарияти ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати – “Паймони миллӣ” бохабар шудем. Дар ин филм нақшаву амалҳои разилона ва хиёнатҳои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо далелҳои раднашаванда аён гаштанд. Мо ҷавонон фаъолияти ғайриқонунӣ ва хиёнаткоронаи ин гурӯҳи ҷиноятпешаро маҳкум менамоем ва бигузор хоинони миллат дар назди қонун ҷавоб диҳанд!

Ман дар фарҷом қайд менамоям, ки Истиқлолият ва озодӣ барои халқи мо азизу муқаддас аст. Воқеан, нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд. Бинобар ин, қадру манзалати Истиқлол ва инчунин ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза амал намояд. Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад!

Шукри истиклолу сарвар мекунем,

Шукри ободии кишвар мекунем.

ИБРОГИМОВА МУАТТАРА

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ