Ҳамсояро чӣ бало задааст?
Миллати тоҷик аз қадиммулайём бо сабуриву таҳаммулпазирӣ, иродаи қавию матонат, ҷасуриву фидокорӣ ва хислату фазилатҳои дигари ҷавонмардонаи тамаддунофарӣ шӯҳратёри оламиён гаштааст. Алалхусус, таърихи миллат, ки шоҳасари “Тоҷикон” инъикосгари воқеӣ аст, исбот менамояд, ки ҳамеша бо давлатҳои ҳамсоя мусолаҳа ва муколамаи баробарҳуқуқ пешаи адолатхоҳии тоҷикон будааст. Тоҷикон ҳамеша барои ҳимояи марзи аҷдодии худ ба мубориза бархестаанду ҳеҷ давру замон мақсади ғасби мулки бегона, хусусан ҳамсояро накардаанд.
Мутаассифона, на ҳама халқу миллатҳо фазилатҳои фарҳангсолориву тамаддунофарӣ, адолатхоҳиву таҳаммулпазирии миллати тоҷикро доро ҳастанду нисбати моён ниятҳои баду муғризона мекунанд. Тасдиқи ин андешаро дар амалҳои роҳбарияти Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳаллу фасли баҳсҳои ҷойдоштаи марзӣ ба мушоҳида мерасад, ки дар аҳдшиканию паймонрезӣ инъикос меёбад. Бо сабабҳои сохтакорона ва бофта, баҳонаи беасоси ночиз доимо низоъю муноқишаҳо дар маҳалҳои ҳаммарзӣ ба вуҷуд меоваранд, ки тӯли беш аз 50 сол идома дорад.
Моҳҳои охир дар байни аҳолӣ овозаҳое паҳн гаштаанд, ки ҷониби қирғиз аҳолии муқимии маҳалҳои ҳаммарз бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба макони дигар кӯчонида истодааст. Гӯё ин минтақаҳо хатаровар ё хавфнок бошанд? Ин амалҳоро ғараз чӣ бошад? Ё аз хоҷагони худ дастуре гирифтаанд? Шояд мақсадашон дар тарҳрезии ягон “провокатсия”бошад? Эҳтимол аз ҷони худ тарсида омодаанд, қисме аз ҳудуди худро ба Тоҷикистон боқӣ гузоранду аз марз дур раванд? Тарроҳи нақшаҳояшон кӣ бошад ва чӣ мехоҳад?
Эй ҳамсоягони беномус! Аввало, ниятҳои нопоку муғризона аз дили худ берун кунед! Баъдан, хуб донед, ки тоҷикон сарҷамъу якдил бо роҳбарияти олии худ ҳастанду барои ҳифзи марзи поку муқаддасашон ҳамеша омодаи ҷонфидоиву ҷоннисорӣ ҳастанд! Намегузоранд, ки қадами номубораки ҳасме сарзамини поки Тоҷикистонро олуда созад!
Мардуми Ватани маҳбубамонро даъват менамоям, ки аз ҳарвақта бештар сарҷамъу муттаҳид дар атрофи роҳбарияти олии кишвар бошанду бо пайравию дастгирии ҳамаҷониба зидди душманони дохилию хориҷа сипари боэътимод бошанд. Фирефтаи овозаҳои беасос набошанду хуб донанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби тавоно дорад, ки фармудаи Парвардигори олам асту ҳимояи Ватанро таъмин хоҳад кард!
Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”