Ҳамсояи хуб аз ...!
Панду андарзҳои миллати куҳанбунёди тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик пурҳикмату воқеан шаҳодати тафаккури оламгир ва фитрати волои он мебошад. Алалхусус, мақоли “Ҳамсояи хуби наздик беҳ аз хеши дур” хеле маънои чуқурва тафаккури олиро дорост, ки на ҳамаи оламиён онро дарк карда метавонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо амри тақдир бо мамлакатҳои бисёр сарҳадоти тӯлонӣ дораду тӯли таърихи мавҷудият доимо баҳсҳои ҳамсарҳадӣ вобаста ба масъалаҳои марзӣ арзи вуҷуд доранд ва аксаран баҳсҳои мавҷуда мусолаҳаомезона ҳаллу фасл мегарданд. Вале, баҳси марзи ҳамсарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон давоми солҳои охир бо бисёр сабабҳои субъективӣ боиси муноқишаҳо ва ҳатто муқовимати мусаллаҳона шуда истодаанд, кибарои мардуми сабуру таҳаммулпазири Тоҷикистон хос нест. Дар ҳамаи ҳолатҳои баҳсӣ ҳукуматҳои ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон комиссияҳои босалоҳият созмон додаву гуфтушунидҳо суръат гирифтаанд ва ҳам созишномаҳои сершуморе ба имзо расидаанд.
Мутаассифона, ҳанӯз ҳам алангаи муноқишаҳои марзӣ хомӯш нашудаву тӯдаи муайяни иғвоангези муғриз ба ин аланга ҳезум меандозанду оташро баландтар месозанд. Ба ин тоифаи беандешагони пучмағз чӣ намояндагонӣ расмӣ, давлатӣ ва чӣ шӯрдиҳандаҳои сатҳи маҳаллӣ шомиланд. Ин бузришони буздили ҷониби Қирғизистон баҳри дарёфти манфиатҳои хосаи хусусӣ(инфиродӣ) ва иҷрои дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷӣ пайваста амалҳои провокатсионӣ анҷом медиҳанду вазъи сиёсиро дар минтақаҳои байнисарҳадӣ муташшаниҷтар сохтанӣ мешаванд. Бехабаранд, ки рӯзе мерасад, ки чун бӯқаламун назди мардуми тоҷик баҳри ҳимоя аз дигарон, аз ҷумла хоҷагонашон кӯмак мепурсанд. Зеро, таҳаммулпазиронро Аллоҳи бузург ризқи дигар медиҳаду муғризонро дигар!
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”