Ҳамсояи беқарор
Ҳаёти ҷомеа раванди мураккаби муносибатҳои байниҳамдигариро инъикос менамояд, ки дар он таъмини принсипҳои эҳтироми дуҷониба , муносибати манфиатхоҳона дар асоси воқеияти таърихию имрӯза ва ғайра мавқеи муҳимро доро мебошанд. Дар замони пуртаззоди муосир кибертехнологияҳо имконияти васеъ доранду пайваста фазои орому устуворро халалдор менамоянд, ки ҳодисаи ғайриоддӣ набуда масъулини маълумотҳои махфии аҳамияти давлатиро водор менамояд, ки ҳамеша ҳушёру омодаи муқовимати шадид бошанд. Хусусан, дар сатҳи байналмиллалӣ ифшои мӯҳтавои созишҳои дуҷониба боиси муборизаҳои иттилоотӣ мешаванду вазъи сиёсӣ – иҷтимоии кишварҳоро ноорому беқарор месозанд. Бинобар ин, ҷонибҳои созишномаҳоро мебояд дар нигоҳдошти сири давлатӣ масъулу эҳтиёткор бошанд. Дар ин раванд рафтори беақлонатарин дасисаю иғвогарӣ дар атрофи мӯҳтавои созишномаҳо мебошад.
Рӯйдодаҳои давраҳои охир нишон медиҳад, ки на ҳамаи сиёсатмадорону роҳбарони давлатҳо қудрати нигоҳдории махфияти сири давлатро доранду аз муғризии худ ҳарза мегӯянду дар майдони мубоҳиса ҳангоматалабӣ машғулияти асосии онҳо мебошад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидани суханҳои беҷои Президенти Ҷумҳурии ҚирғизистонСадир Жаппаров ва шарҳу эзоҳҳои бемасъулонаи баъзе сиёсатмадорони навбаромади қирғизистонӣ гувоҳӣ медиҳад, ки роҳбарияти давлати ҳамсоя то ба кадом андоза беқарор асту баҳри дастоварди холҳои популистии пуфаксимо масъулияту фарҳанги сиёсӣ – дипломатиро сарфи назар кардаанд. Ало кардани чашми танги ҳарисона ба ҳудуди қонунии мамлакати дигар бо асосу далелҳои худбофт хоси нафари бемории рӯҳӣ аст, ки характери ирсӣ дорад. Вагарна, ононро мебоист ба маъхазҳои таърихӣ бо нигоҳи ҳақиқатгӯӣ назар мекарданду даъвои ҳудуд намекарданд. Зеро, агар тақсимоти нави ҳудудро аз нуқтаи таърихӣ беш аз ҳазорсолаҳо бингарем, мамлакате мустақил бо номи “Ҷумҳурии Қирғизистон” ҳуқуқи маънавӣ ва таърихӣ ба мавҷудият надорад. Алалхусус, мардуме, ки эҳтироми меҳмоннавозиро надонад, садқаи эҳтироми ҳамсоя шавад. Мардуми қадимаи сарзамини Осиёи Марказӣ – тоҷикон дар заминаи тамаддунофариву фарҳангсолорӣ ва сабабҳои дигар ба миллату халқҳо ҳамҷавор имконият доданд, ки ташаккул ёбанду соҳибдавлатшаванд. Лекин, қисмеаз ин мардуми давлатёфта даъвои беасос ба ҳудуди ҳамсоя мекунанд, ки шабеҳи он аст, ки “саге ба соҳиби худ” даъвои соҳибмулкӣ кунад.
Аслан, олимони ҷомеашинос исбот карданд, ки “ҳар мардум сазовори ҳукмрони худ” мебошанд, вале итминони қавӣ дорем, ки даъвоҳои ноқисулақлонаи сиёсатмадорони навбаромад “эҷодкорӣ” – и манфиатхоҳонаи ҷониби сеюм асту Жаппаров ва ҳаммаслакони ӯ дар доираи онҳо рақсу бозӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз, қотеъёна аз ҷониби онон даъват менамоем, ки худдорӣ намоянду масъулиятшинос бошанд, фирефтаи иғвою дасисаҳо нашаванд. Кӯшиш намоянд, ки ҳамсояи бо нангу номуси қадимаи худро ба хашму ғазаб наоваранд, ки оқибати хуб надорад. Сабуриву таҳаммулпазирӣ аз ҳамсоя омӯзанду беқарориву даъвогариро хотима бахшанд, ки амали нафари солимақлу ватандӯст маҳсуб меёбад.
Собиров М.С. - дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм