Амрози нафсонии хоини ватан

Ҷаҳони муосир ба масоили пуртазоде рў ба рў шудааст, ки кўшиши ҳалли онро мушкилоти зиёдеро пешорўи давлатҳо қарор додааст. Яке аз ин мушкилот, ки ҷаҳони муосирро ба ташвиш андохтааст, ин пайдо шудани хиёнаткорони дохила ва беруназмарзӣ мебошад. Мутаасифона таъсири ин амалҳои номатлубу даҳшатнок то ба баъзе шаҳрвандони сустирода, беандеша ва пастсирати Тоҷикистони мо низ расидааст.

Бефаросатӣ ва бешармие, ки аз чеҳраи Муҳаммадиқбол пайдост, аз тарбияи нохуб ва гузаштаи шармовари падараш Мулло Қаландаров сарчашма гирифтааст. Бо ҳидоятҳои падар солҳои 1992-1997 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳсилоти ифротгароӣ гирифта, аз шогирдони муваффақи як пойгоҳи таълимоти экстремистию ифротгарии ин кишвар гардидааст. Аз ҳарзагӯиҳое, ки дар сомонаи иҷтимоӣ (youtube “Минбари муҳоҷир”) мекунад, тааҷҷубовару аҷоибаш он аст, ки ин мубаллиғон бо вуҷуди доштани камбудиву нуқсонҳои зиёди ҳаётӣ ва ноҷавонмардиҳо нисбат ба наздикону пайвандони худ аз камбудиҳои як давлат ва як миллат бо танз сухан мегӯяд...

Мо дар назди таърих аз имтиҳони сангину вазнин гузаштаем ва номаи камоли давлату миллатро соҳиб шудаем. Пас кӣ ва чӣ боз метавонад моро аз ин Ваҳдат, аз ин роҳи бесобиқаи фарҳанги сулҳ боздорад. Агар кесе имрӯз ҳам беҳушу бехуд аст, ба ҳуш ояд, ба худ ояд, чашм во кунаду бубинад, ки мо куҷо равонаем?

Мақсади аслии Муҳаммадиқболи бо корбурди тамоми маҳорати тули солҳо аз сарпарастони хориҷӣ омӯхтаву андӯхтааш талош дорад, ки бо ҳар роҳу восита афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикистонро нисбат ба роҳбарият ва Ҳукумати кишвар тира созад. Онҳо чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё барои ислоҳи нуқсонҳои мавҷудаи ҷомеаи мо саъй карда роҳи раҳоии кишварро аз бунбасти мушкилотҳои мавҷуда нишон медиҳад.

Ҳодисаву воқеаҳои ҷаҳонӣ имрӯза ҳар яки мо тоҷикону тоҷикистониёнро ҳушдор медиҳанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ба густариши ҳисси баланди худогоҳиву худшиносии миллӣ, таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу субот дар кишвар ҳиссагузор бошем. Зеро, Тоҷикистони азизамонро ҳеҷгоҳ ва хеҷ кас аз он ҷумла ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддину ҳаммаслаконаш ободу осуда ва пешрафти онро таъмин намекунанд. Ин аҷнабипарасту хоҷапарасту ватанфурӯшон танҳо мақсадҳои шахсӣ ва манфиатҳои хаҷагонашонро пеша доранд.

Малика Томирис- омӯзгор, таҳлилгар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ