Амнияти миллӣ омили муҳими истиқлолият

Ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зиёда аз чил сол мешавад, ки ба майдони муборизаҳои манфиатҳои давлатҳои абарқудрат табдил ёфтааст. Дар ҳудуди Афғонистон, бо баҳонаи ҳимояи манфиатҳои худ, аввал қушунҳои собиқ иттиҳоди Шуравӣ, сониян мамолики Ғарб бо амалиётҳои ҷангӣ машғул шуданд. Дар оқибат ҳамма ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеъа фалаҷ гардид. Ки то ҳол ин ҷараён идома меёбад. Ба ҳеҷ кас пушида нест, ки ин ҳудуд ба ватани қочоқи маводи мухаддир табдил ёфт. Аз он давлатҳои абарқудрат барои заиф намудани як-дигар истефода мебаранд.

Тинҷӣ ва оромии ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои минтақа, Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим аст, ки дар бораи он Пешвои миллат баромад намуда, диққати афкори оммаро ба ин масъала ҷалб менамояд. Сарвари давлат таъкид месозанд, ки барои таъмин намудани амнияти миллӣ, вазъи тинҷӣ-оромии минтақа хеле муҳим аст. Ин гуфтаҳои роҳбари давлатро амалӣ гардонида, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои ҳамсарҳад ва ҳамсоя, дар ҳама вақт дар тамос мебошанд. Вохурии сарварони маҳкамаҳои амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистоне, ки дар 15 январи солӣ ҷорӣ шуда гузашт исботи он мебошад. Роҳбарони ташкилоти амнияти ду кишвар, ибрози нигаронӣ карданд, ки дар ҷараёни мубориза бар зидди ташкилотҳои террористии байналхалқӣ, хамкориро давом додан лозим аст.

Турсунова З. - муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ