Амнияти минтақаро халалдор насозед!
Мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём рўз ба рўз аз мазмуну моҳияти гурўҳ, созмон, анҷуман ва ҳизбҳои бадандешу тахрибкор огоҳ гардида, дар муқобили чунин афроди бадтинат, ки сафҳои созмонҳои ифротиву иртиҷоиро пурра менамоянд, муборизаи пайвастаи беамон мебаранд. Имрўз ҷомеаи заҳматпешаи Тоҷикистон аз равандҳои сиёсие, ки дар дохил ва хориҷи кишвар рух медиҳанд, тариқи васоити ахбори омма ба таври бояду шояд огоҳ ҳастанд.
Агар ба атроф нигарем, шахсону гурўҳҳои алоҳида ба чашм мерасанд, кимехоҳанд, бо дасисаву моҷаро бо ҳар роҳу восита вазъияти ороми ҷомеаро халалдор созанд. Яке аз ин гурўҳҳо Паймони миллии Тоҷикистон воқеъ дар хориҷи кишвар аст, ки онро Муҳиддин Кабирӣ (собиқ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон) роҳбарӣ менамояд. Ҳанўз дар таърихи 29-уми сентябри соли 2015 пас аз хиёнатҳои наҳзатиҳо мақомоти Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро гурўҳи эктремистиву террористӣ эълон карданд. Аз ҳамон вақт инҷониб, Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш пайваста бо паҳн намудани ҳар гуна афкори носозгору носолим дар ҷомеа низоу тафриқаандозиро тақвият месозанд.
Тавре таҳлилҳо собит месозанд, Паймони миллии Тоҷикистон паймони якчанд паймоншикану ватанфурўш буда, комилан фаъолияти пасипардагии худро бо роҳнамоӣ ва пуштибонии хоҷагони хориҷии хеш идома дода, мехоҳад дар Тоҷикистони биҳиштосо бо нерўи аҳримании худ баҳри амалӣ намудани нақшаву ниятҳои разилонаи хоҷагонаш саҳм гузорад.
Маълум аст, ки Паймони миллии Тоҷикистон ва пайравонаш бо чунин амалу кирдори ҳангомаҷўёнаи худ, яъне расонаӣ сохтани чунин хулосаву иттиҳомоти бебунёд чӣ ҳадафи муѓризонаеро пайгирӣ кардан мехоҳанд. Бешубҳа, онҳо танҳо ба хотири мнфиатҳои гурўҳиву ҳизбии хеш талош доранд ва дар ин ҷода аз манофеи милливу давлатӣ куллан сарфи назар карда буданд, ҳоло низ карда истодаанд ва дар оянда ҳам хоҳанд кард.
Миллату халқи тоҷик дар роҳи ҳифзи якпорчагии Ватан, марзу бум, ваҳдату якдилӣ, амнияту суботи сиёсӣ, забон, таърих, дин, фарҳангу мероси ниёгон ва дигар арзишҳои милливу давлатӣ собитқадаму устувор буда, дигар ба андешаҳои ѓаразноки афроду гурўҳҳои ифротӣ ва кирдорҳои ноҷавонмардонаи онҳо эътимод надоранд. Имрўз мардум нисбат ба солҳои пешин диду назари фарқкунанда доранд. Шумо кистеду чӣ мехоҳед, на танҳо шахсони марбута медонанд, балки афроди зиёде аз ҷомеаи Тоҷикистон инро хеле хуб дарк кардаанд. Шумо ва афроде мисли шумо шабеҳи ана ҳамон хори сари деворро мемонед, ки ягон қадру қиммат надоред. Ватан азиз аст. Ватандор он шахсест, ки ҳеҷ гоҳ ва дар ягон маврид ба хоки поки Ватанаш хиёнат намекунад.
Бо дасисаву иғво амнияти дохилидавлатӣ ва минтақаро ноором насозед!!!
Меҳроби Ватан