Амнияти миллӣ ҳамчун омили рушди кишвар

Дар вазъияти муосир муаммои таъмини амнияти миллӣ нисбат ба дигар масъалаҳои рушди сиёсӣ афзалият дорад, зеро барои давлати муосир ҳалли муаммоҳои амнияти миллӣ аз ҳарвақта дида, барои таъмини ваҳдату якпорчагӣ, нигоҳ доштани асолат ва ягонагии фарҳангу маданият аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Махсусияти ҷойгиршавии Тоҷикистони соҳибистиқлолдар курраи замин, махсусияти ҷуғрофӣ, таърихиву маданӣ, ҳамсарҳадӣ бо як қатор давлатҳо, табиат, анъанаи дар ҳалли муаммоҳои умумиҷаҳонии рушди ҷаҳонӣ ҳамроҳ будан гувоҳи он аст, ки бояд ба масъалаи таъмини амнияти кишвар аз дидгоҳи дигар бояд наздик шуд. Бинобар ҳамин ҷустуҷўи роҳи махсуси ташаккули сиёсат, муайян намудани самти беҳтарини татбиқи манфиатҳои миллӣ дар асри ХХI барои кишвари мо ҳамчун самти афзалиятноки пешравӣ ба шумор меравад.

Ҳодисаҳои замони мусоир, аз қабили зуҳури созмону ҳаракатҳои радикалии террористӣ-экстримистӣ ба монанди «Ҷабҳат-ун-нусра», «Давлати исломӣ», «Ваҳҳобия», «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Ўзбекистон», «Гурўҳи исломии ТуркистониШарқӣ», «Ал-қоида», «Конгреси халқии Курд», «Асбат-ал-Ансар», «Бародарони мусалмон», «Толибон», ки имрўз ба пиёдакунандаи манфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд, боиси коҳишивазъи сиёсии давлат гашта буданд, дар роҳи шаклгирии тарзи таъмини амнияти миллӣ таъсири ҷиддӣ гузоштааст. Қарзи шаҳрвандӣ бар дўши ҳамагон масъулияти бузургеро вогузор намуда, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки барои таъмини амнияти кишвар, дастгирии манфиатҳои давлат ва мақсадҳои миллӣ кўшиш ба харҷ диҳем.

Дар навбати худ дигаргуниҳои куллии сохтори сиёсии ҷаҳон, равандҳои сиёсии сепаратизми ҷаҳонӣ, минтақавӣ, фиқравӣ, ҳудудӣ ва сиёсиро ба миён овардааст, ки дар вазъияти ба миёномада ба амнияти миллии кишвар таъсири манфӣ мегузорад. Натиҷи таъсири ҳамаҷонибаи вазъи сиёсии ҷаҳон, омилҳои сиёсӣ ба амнияти миллӣ ва пайванди байни онҳо зуҳуроти мураккаберо мемонад.

Конҳои пурмаъдани Тоҷикистон, захираҳои фаровони оби нўшокӣ, роҳҳои ҳавоӣ ва оҳан барои доду гирифти байналмиллалӣ имкони хубе фароҳам меорад, то дар ислоҳоти байналмиллалӣ, равандҳои глобалии сиёсӣ ва дар маҷмўъ ҳаёти сайёраба таври фаъол ва ҷиддӣ таъсиргузор бошад. Аз ин нуқтаи назар муносибати эҳтиёткорона ва истифодаи пурмаҳсул аз имконоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат низ яке аз омилҳои таъмини амнияти кишвар маҳсуб меёбад, зеро махсусияти ҳудудӣ, муносибати гуногунранг бо дигар кишварҳо истифодаи воситаҳои мавҷударо барои аз худ намудан ва истифода бурдани ҳудуди худ дар роҳи таъмини манфиатҳои миллӣ душвор менамояд.

Омўзиши таҷрибаи таърихии сиёсии Тоҷикистон ба хулосае меорад, ки амнияти миллии кишвар боиси рушди ҳамаҷониба буда метавонад.

Дар ин маврид бояд қайд кард, ки аҳолии кишвар танҳо дар вазъияти амалӣ намудани сиёсати мақсадноки бунёди фазои ягонаи маданӣ, дастгирии сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣЭмомалӣ Раҳмонқодир аст, ки худро дар арсаи байналмилалӣба ҳайсти як кишвари ободу ором, тинҷу осоишта, аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта ва дорои нерўи бузурги илмӣ муаррифӣ намояд.

Вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи амнияти миллии кишвар ба таври зерин таъсиргузор аст.Пеш аз ҳама, Тоҷикистон дорои нишондодҳои давлати пешрафта аст, зеро соҳиби ҳудуд ва захираҳои бойи табиӣ, аҳолии дорои иқтидори баланди зеҳнӣ, иқтидори бузурги ҳарбӣ, ҳамчунин анъанаи таърихии давлатдорӣ мебошад.

Дуввум, ба вазъи сиёсии Тоҷикистон ба ҳодисаҳои сиёсии ҷаҳон, раванди ҷаҳонишавӣ, минтақавӣ, тақсимшавӣ ва сепаратизм таъсири назаррас мегузорад. Мустаҳкам намудани амнияти кишвар аз ин дидгоҳ бо роҳи пурзур намудани сохти давлатдорӣ ва истиқлолият, таъмини рушди иқтисодӣ, пурзўр намудани қувваҳои мусаллаҳ, беҳтар гардидани равандимуҳоҷират амалӣ хоҳад гашт.

Баҳогузории таҷрибаи кунунии таъмини амнияти миллии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки дар кишвар сохтори давлатии коркард ва татбиқи сиёсат дар соҳаи бехатарӣ – Марказитадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ бунёд гардида, босамар амал мекунад. Масъалаи таъмини амният аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, ғоявӣ, сохториву ташкилӣ ва мундариҷавӣ ба таври зарурӣ коркард шудаанд. Тўли солҳои охир аз ҷониби олимон ва сиёсатмадорон барои дарки амиқи муаммои таъмини амнияти миллии Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом ёфта, ҳуҷҷатҳои муҳим ба монанди Стратегияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонто соли 2020 расман тасдиқ ва дар таҷрибаи сиёсӣ истифода мешаванд.

Дар ҷамъият ақидае бунёд ёфтааст, ки дар асоси сиёсати давлатӣ бояд манфиатҳои миллӣ қарор гирифта, қарорҳои сиёсӣ илман асоснок ва ба самтҳои асосии таъмини амнияти миллӣ равона гарданд.Аз ин хотир, соли 2017 дар ҷумҳурӣ як қатор конференсияҳо, аз қабили Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои татбиқи самтҳои нави сиёсати хориҷии ҶТ дар шароити таҳаввулёбандаи ҷаҳонӣ», Семинари омўзишию иттилоотӣ дар мавзўи «Сиёсати давлатии ҷавонон дар ҶТ», конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзўи «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» баргузор гардиданд, ки дар он роҳу усул ва воситаҳои дар амал татбиқшудаи таъмини амнияти кишвар инъикос ёфтанд.

Аз ҷумла, дар Конференсияи байналхалқии «Мубориза бо терроризм ва экстримизм дар Авруосиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак», ки 29-уми сентябри соли 2017 баргузор гашт, намояндагони ниҳодҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони парлумонҳои Тоҷикистон ва Русия, сафирони сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони роҳбарияти Котиботи СААД (ОДКБ), Кумитаи иҷроияи СМЗТ СҲШ (РАТС ШОС) ва инчунин роҳбарияти пажўҳишгоҳ ва марказҳои тадқиқоти стратегии кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон, Русия, Тоҷикистон ва Афғонистон ширкат намуда, зимни суханронӣ дар бобати мушкилоти амният дар Авруосиё, омилҳои таъмини амнияти кишвар ёдовар гаштанд.

Таъмини амнияти миллӣ дар ин раванд ва коркарди консепсияи рушди сиёсати Тоҷикистон имкон медиҳад, то манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ одилона муқаррар шуда, сарчашмаҳои хатари ҳақиқӣ ва эҳтимолӣ амиқтар муайян карда шаванд, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои мавҷуда, барои татбиқи манфиатҳои миллӣ оқилона истифодашаванд.

Барои беҳтар намудани таъмини амнияти миллии Тоҷикистон корҳои зерин бояд ба сомон расонида шаванд:

- ҳангоми қабули қарорҳои асосӣ дар самти таъмини амнияти миллӣ барои таносуби беҳтарин байни манфиатҳои миллӣ ва имкони татбиқи онҳо кўшиш намуда, захираҳои мавҷударо муқаррар созем ва барои татбиқи самтҳои афзалиятноки манфиатҳои миллӣ кўшиш намоем;

- фазои ягона ва ҳуқуқии сиёсии кишварро мустаҳкам намуда, барои ба даст овардани якдигарфаҳмии шохаҳои давлат дар муаммои бехатарӣ, бунёди сиёсати бисёрҳизбӣ, таъмини баробарҳуқуқии минтақавӣ ҷидду ҷаҳд намоем;

- дар соҳаи иқтисодиёт барои мустаҳкам намудани мавқеи истеҳсолкунандагони ватанӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, нақши давлат дар идораи иқтисодиёт, махсусан дар соҳаҳои стратегӣ пурзўр гардад, ба ислоҳоти бо нишондоди Фонди байналмиллалии асъор, сохторҳои иқтисодиии беруна роҳ надода, аз таъсири беруна даст кашем;

- дар соҳаи сиёсати хориҷӣ диққати асосӣ бояд барои ба роҳ мондани сиёсати хориҷи бисёрҷабҳа, иштирок дар сохторҳои минтақавӣ ва низомҳои амниятӣ, ҳамдастӣ ба таҳкими нақши СММ дар корҳои байналмиллалӣ равона гардад;

- дар соҳаи иттилоот коркарди принсипҳои сиёсати давлатии иттилоотӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ бояд мавқеи асосиро ишғол намоянд.

Хулоса, шарти асосии таъмини амнияти миллӣ бояд бунёди ғояи миллие бошад, ки мардуми Тоҷикистонро дар роҳи ба даст овардани ояндаи дурахшон барои худ ва наслҳои оянда муттаҳид намояд.

Ҳакимова Ш.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ