Ҳамкориҳо баҳри рушди муносибатҳои геополитикӣ дар замони муосир
Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳри амалӣ намудани сиёсати созанда ва бунёдкорона марҳила ба марҳила қадамҳои устувори хешро дар арсаи байналхалқӣ гузошта истодааст. Густариши ҳамкориҳо ва муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои дуру наздик имконият медиҳад, ки нуфузи геополитикии Тоҷикистони соҳибистиқлол афзун гардад.
Қобили қайд аст, ки баҳри ширкат дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таърихи 16 сентябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳими Раисӣ маротибаи аввал ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии ИсломииЭрон Иброҳими Раисӣ санаи 18 сентябри соли ҷорӣ дар майдони Қасри миллат доир гардид, ки худи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки чунин мулоқот ва музокироти сатҳи олӣ шаҳодати он мебошад, ки муносибатҳои геополитикии кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг густариш ёфта истодаанд ва он бо ҳайатҳои расмии кории ҳар ду тараф ҷараён дошт.
Қадами неки ибтидои ҳамкориҳои ду кишвар имконияти васеъ фароҳам меоварад, то ки дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ - дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳанг, маориф ва илм, коммуникатсия, энергетика, саноат, таъмини амният ва ҷанбаҳои дигар робитаи ногусастанӣ барқарор ва идома карда шаванд. Баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои инкишофу густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Иброҳими Раисӣ сарчашма гирифт, ки дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвари бо ҳам дӯст низ ширкат варзиданд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрон ва густариши робитаҳои дуҷониба, инчунин иртиботи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид, ки манфиатбахши ҳар ду тараф мебошад.
Чунин боздиди кории Сарони давлатҳо дар заминаи ҷашни бузурги миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ марҳилаи муҳим арзёбӣ мегардад ва он баҳри рушди ояндаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои самарабахши ҳар ду ҷониб шароити хуб ва мусоиди геополитикиро фароҳам меоварад.
Дар вохӯрӣ Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030 таҳия гардид ва он барои ҳамкории дутарафа дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ амалӣ гардида, шароити мусоид фароҳам оварда шуд, то ки рушди фаъолияти Палатаи муштараки савдо ва саноати Тоҷикистону Эрон ва Шӯрои муштараки сармоягузорӣ байни ду кишвар ба роҳ монда шавад.
Қобили тазаккур аст, ки баҳри таъмини амнияти миллӣ ҳар ду ҷониб тасмим гирифтанд, ки муборизаро бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва таҳдидҳои дигари замони ҳозира ба манфиати миллӣ ва ҳадафҳои ҳар ду давлат амалӣ месозанд. Тарафҳо вазъияти ҳозираи қазияи Афғонистонро баррасӣ намуда, ибрози ақида карданд, ки дар чунин ҳолати мураккаби наздисарҳадӣ сулҳу суботи минтақа таъмин карда шавад.
Ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, илм ва соҳаи сайёҳӣ низ муҳим арзёбӣ гардида, баҳри рушди он андешидани тадбирҳои мушаххас пешбинӣ гардиданд.
Дарвоқеъ, Тоҷикистон ибтидои ба расмият даровардани Ҷумҳурии Исломии Эронро ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай ба таври хуш ва нек пазироӣ намуда, изҳори умед кард, ки ҳамкории муштараки ҳар ду ҷониб дар доираи созмони бонуфуз баҳри дарёфт ва таҳкими сиёсати созандаи ҳар ду кишвар шароити хуб фароҳам меоварад.
Ӯлмасова М.А.-сармуаллимаи кафедраи сиёсатшиносӣ