Ҳамкории судманд бо ширкати MB COMMUNICATION RSL-и шаҳрванди Руминия

Санаи 26–уми ноябри соли 2021 дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси донишгоҳ семинари омӯзишии тарзи истфодабарии Онлайн – Платформаи лоиҳаи ERASMUS + DECIDE – “Беҳтар намудани хизматрасониҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд” баргузор гардид.

Дар семинари омӯзиши муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилали дотсент Давоатзода Р., декани факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси донишгоҳ Рабиев С.Б. дотсентон Раҳмонов З.П., Элмуродова С.Э., Раҳмонова Д.З., ва дигар омӯзгорону мутахасисони соҳа, аъзоёни гурӯҳи кории лоиҳаву мутахасисони ҷавони факултет ширкат варзиданд.

Семинарро мутахассиси ширкати MB COMMUNICATION RSL аз кишвари Руминия – Миҳаи Барсан, ки ширкати ӯ дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо, Барномаи ERASMUS Plus DECIDE – “Беҳтар намудани хизматрасониҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд” ОНЛАЙН – ПЛАТФОРМАР – ро харидорӣ кардааст, баргузор намуд.

Ҷаноби Миҳаи Барсан дар семинар бештар оид ба масъалаҳои техникии ОНЛАЙН ПЛАТФОРМА сухан ронда, тарзи истифодабарии онро ба аҳли нишаст нишон дод. Эшон қайд кард, ки ПЛАТФОРМА бо 5 забон аз ҷониби ҳамкорон коркард ва таҳия карда шудааст. Аз ҷумла, 3 забонҳои ҳамкорон аз 3 кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон – тоҷикӣ, Ӯзбекистон – ӯзбекӣ, Қазоқистон – қазоқӣ ва забони русӣ барои муоширати байни ҳамкорон ва истифодабарандагони Осиёгӣ инчунин, забони англисӣ барои муоширати умумии байни ҳамаи ҳамкорон мебошад.

Ҳадафи асосии Онлайн – Платформаи мазкур ташкил ва фароҳам овардани фазои озоди омӯзишӣ ва таълимӣ барои тренерон ва донишӯёну шахсони имконияташон маҳдуд инчунин, волидайни онҳо нигаронида шудааст. Гузашта аз ин, ҷойгир намудаи курсу маводҳои таълимӣ боргири намудаи маводҳо ва ғайраҳо мебошад. Қайд гардид, ки дар давоми сол аъзоёни лоиҳа бояд Платформаро бо маводҳои худ пур кунад ва аз дигар имкониятҳои ин ПЛАТФОРМА истифода баранд.

Ёдовар бояд шуд, ки лоиҳаи ERASMUS PLUS DECIDE – “Беҳтарнамудани хизматрасониҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд” соли 2019 аз ҷониби Комиссияи босалоҳияти Иттиҳоди Аврупо интихоб гардида буд ва то моҳи декабри соли 2022 идома меёбад.

Семинар бо сӯҳатҳои самимиву саволу ҷавоби судманд ба охир расид.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ