/АМИТ «Ховар»/.Истиқлоли миллӣ ва саодати маънавӣ

https://khovar.tj/2021/09/isti-loli-mill-va-caodat...

Андешаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Ҷамшед Ҷӯразода оид ба ин неъмати безавол

/АМИТ «Ховар»/. Дар даҳаи охири асри гузашта дигаргуниҳои куллие дар саросари олам ба вуқӯъ пайвастанд, ки муҳимтарини онҳо дар харитаи ҷаҳон пайдо шудани кишварҳои соҳибистиқлоли навин ба шумор меравад. Тоҷикистон дар қатори ин давлатҳои мустақил дар харитаи сиёсии ҷаҳон чун ҷумҳурии мустақил ҷойгоҳи хешро пайдо намуда, пас аз ҳазору сад соли таърихи давлатдории Сомониён дигарбора аз ҳастии миллати куҳанбунёди тоҷикон паём расонид.

Дар зимн андешаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода вобаста ба Истиқлолияти давлатӣ ва саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф манзури хонандагони сомона гардонида мешавад.

-Ҳарчанд марҳилаи оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои кишвари мо бар асари ҷанги шаҳрвандӣ мушкилии сиёсӣ ба бор овард, аммо баргузории анҷумани тақдирсози миллат — Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ба бахти тоҷикон раҳнамоии давлати тозаистиқлолро бар дӯши худ гирифтани фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон хатари аз даст рафтани ин саодати миллиро аз миён бардошт.

Баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон заминаи муҳим ва рукни устувори таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз гардид. Дар натиҷа, дар фосилаи панҷ сол бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи Тоҷикистон марҳилаи душвори сиёсӣ- ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуда, ба сулҳи кулл, дарки ҳамдиливу ваҳдати миллӣ расид. Бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон раванди мустаҳкам гардидани пояҳои истиқлолияти давлатӣ суръати тоза гирифта, муҳимтарин ҳадафҳои бузурги давлатсозӣ мавриди амал қарор дода шуданд.

Ҳанӯз аз аввалин фурсатҳои фаъолияти худ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аслии хешро ба низоми маориф ва беҳдошти куллии авзои он равона намуданд ва ин албатта, бесабаб набуд. Таъсири нохушоянди ҷанги шаҳрвандӣ дар қатори дигар соҳаҳои хоҷагии мамлакат боиси вайрону валангор гардидани мактабу муассисаҳои дигари маориф гардида, ҳатто дар баъзе минтақаҳо сабабгори қатъи таҳсил ва берун мондани хонандагон аз раванди таълим шуд. Ҳамин омилҳо боис гардиданд, ки ҳанӯз соли 1993 дар вазъияти хеле мураккаби сиёсӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҳамчун ҳуҷҷати асосии танзимкунандаи соҳаи маориф қабул гардида, ба мавқеи иҷро гузошта шуд. Дар канори ин, ҳанӯз дар аввалин суханрониву мулоқотҳои худ Сарвари давлат ба масъалаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, изҳор дошта буданд, ки «муносибати ҷиддӣ ба соҳаи маориф, дар сатҳи сиёсати давлатӣ ба миён гузоштан ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта аҳамияти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангӣ дорад». Бар ин асос, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Сарвари хирадманди он Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кӯтоҳтарин фурсат имконият фароҳам овард, ки дубора низоми маориф ба куллӣ эҳё гардида, раванди он мутобиқи меъёрҳои тақозои замон ҷорӣ карда шавад. Тамоми мактабу муассисаҳои маърифатӣ ва ҷараёни мунтазами таълимӣ ворид гардида, синфхонаҳои дар хонаву ҷойҳои дигар таъсисёфта бар асари харобии мактабҳо ба биноҳои барҳаво ва мактабҳои навъи замонавӣ бо таҷҳизоти муосир иваз шуданд. Маҷмӯан, маблағгузории соҳаи маориф дар масири давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз 42 миллиони соли 2000 танҳо дар соли 2020 аз 5 миллиард сомонӣ гузашт.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки ҳарчанд бунёд ва таъсис он ба марҳилаҳои аввалини барқароркунии ҳокимияти Шӯравӣ пайванд мегирад, аммо муҳимтарин дастовардҳои таърихии хешро маҳз аз файзи истиқлолияти давлатӣ соҳиб гардид. Бешак, таҷаддуди сохторӣ ва муҳтавои фаъолияти он дар ин давра моро водор месозад, ки онро ҳамчун маҳсули истиқлолият дар шароити нави таъриҳи номзад намоем. Аввалан, маҳз аз шарофати истиқлолият ин муассисаи олии таълимии омӯзгорӣ ба донишгоҳ табдил ёфта, дар он аз рӯи ихтисосҳои наву замонавӣ муҳассилин ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Доираи фаъолияти донишгоҳ вусъати тоза касб карда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он номи академик Бобоҷон Ғафуров дода шуд. Ба саодати устодону донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат буд, ки дар чунин маросими шоистаи номгузории донишгоҳ дар арафаи таҷлили 65- солагии Донишгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал ба донишгоҳ ташриф оварда, унвони ифтихории профессори фахрии ин боргоҳи маърифатро низ соҳиб гардиданд. Минбаъд дар маросими таҷлили 70-солагии донишгоҳ, мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави таълимӣ ва хонаи истиқоматӣ барои устодони донишгоҳ низ Сарвари давлат ба ин боргоҳи маънавӣ ташриф оварданд, ки ин фурсатҳо дар хотираи таърихии донишгоҳ бо ҳарфҳои заррин ҳамчун саҳифаҳои мондагор сабт хоҳанд шуд. Дар фосилаи 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон 7 маротиба ба як донишгоҳи мамлакат ташриф овардани Пешвои миллат далели равшани таваҷҷуҳи махсуси эшон ба рушди соҳаи маориф ва ғамхорӣ нисбат ба омӯзгорону аҳли илм маҳсуб мегардад, ки воқеан аз ин иқдоми беназир аҳли илму маорифи кишвар хамеша рӯҳияи тоза касб намуда, барои ба вуҷуд овардани корномаҳои навин талош меварзанд.

Муҳимтарин ва шоистатарин хидмати донишгоҳ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ширкат дар татбиқи барномаҳои дарозмуддати давлатӣ ба шумор меравад. Дар робита ба ин, дар донишгоҳ оид ба иҷрои «Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология», «Барномаи давлатии омӯзиш ва такмили забонҳои русӣ ва англисӣ», «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ-техникӣ», «Барномаи комплексии мақсадноки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи дарёҳои хурд, офтоб, шамол, биомасса ва энергияи манбаъҳои зеризаминӣ», «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди илмҳои ҷамъиятшиносӣ», корҳои зиёде карда шудааст.

Дар донишгоҳ дар чанд соли охир силсилаҳамоишҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор гардиданд, ки дар рушди тафаккури маънавии ҷомеа муассир буданд. Баргузории ҳамоиши байналхалқӣ бахшида ба 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 1150-солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ, гиромидошти Имоми Аъзам ва Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, соли фарҳанги техникӣ, 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, ҳамоишҳои байналхалқӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳамзамон даҳҳо конфронсҳои ҷумҳуриявӣ теъдоди зиёди донишмандони ҷаҳон ва кишварро ба донишгоҳи мо овард.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд сол то сол муносибатҳои илмиву таълимии худро бо бонуфузтарин муассисаҳои олии мамолики хориҷии дуру наздик густариш медиҳад ва феълан бо 90 муассисаи олии бонуфузи хориҷӣ равобити ҳамкорӣ дорад. Бар асоси ин бо Донишгоҳи аграрии Пекин (Чин), Донишгоҳи давлатии иқтисодиёт, омор ва иттилооти Москва (Русия), Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург (Русия), Донишгоҳи Мичигани Ғарбӣ (ИМА), Донишгоҳи давлатии миллии радиоэлетроникаи Харков (Украина), Донишгоҳи давлатии Уш (Қирғизистон), Донишгоҳи давлатии Гулистон (Узбекистон), Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи А.Навоӣ (Узбекистон), Маркази омӯзиши олии Маҳёр (Ҷумҳурии исломии Эрон) ва дигарҳо аз рӯи шартнома ҳамкориҳо сурат гирифтаанд.

Дар канори ин, сол аз сол васеъ гардидани доираи фаъолияти донишгоҳ, ифтитоҳи ихтисосу пешаҳои замонавӣ далели мутобиқат ва ҳамоҳангии раванди таълиму тадриси донишгоҳ ба меъёрҳои муосири таҳсилот ва дар ин замина таваҷҷуҳ ба тарбияи мутахассисони ҷаҳони имрӯз маҳсуб мешавад.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таърихи наздик ба 90-сола дорад, аммо марҳилаи рушди босуботи онро метавон ба даврони 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон пайванд бахшид, зеро воқеан дар ин давра ин боргоҳи маърифат ҳамчун падидаи даврони истиқлоли миллӣ роҳи тоза ва марҳилаи нави тараққиёти хешро тай намоянд. Аз ин рӯ, ҳамеша ҷомеаи устодону олимони донишгоҳ бо рӯҳу илҳоми тоза гирифтан аз баракоти истиқлолияти давлатӣ чун дастоварди бузурги таърихии миллат пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар амри таҳкими пояҳои истиқлоли миллӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва ҳифзу ба наслҳои оянда интиқол додани ин арзишҳои бузург, ҳамзамон татбиқи дурнамои рушди маорифи кишварро дар барномаҳои ҳамарӯзаи фаъолияти хеш қарор дода, ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлоли миллиро бо туҳфаҳои бузурги маънавии хеш, маҳсули афкор ва андешаҳои созанда истиқбол намоянд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ