Ҳамҷинсгароро ҳамнишин кардаед?!
(идомаи мантиқӣ)
Маъмул будани бачабозӣ дар байни қумондонҳои бехудгаштаи Афғонистон барои ҷаҳониён сири нуҳуфта нест. Чунки, аз давраҳои пешин тӯдаи ваҳшиёни одамсимо амали бачабозиро меписандиданду дар дарбори шоҳони золим тӯдаи анинон ба сифати навкар хизмат мекарданд ва ин воқеиётро далелҳои таърихӣ исбот менамоянд. Бадии ҳолат дар он аст, ки теъдоди хеле ками диндорони исломӣ ин амалҳоро куфр меҳисобанду баъзе аз онҳо худ низ чунин ахлоқи нопок доранд.
Коршиносони соҳаи тиб муайян кардаанд, ки чунин афродро ҳисси шаҳвонӣ болотар аз инсонгарист ва ҳам ин беморӣ сироятӣ мебошад, ки нафари дигар аз рӯи ҳавасбозӣ метавонад сироят ёбад. Бинобар ин, ҷомеаи солимақлон аз тоифаи бачабозон дурӣ меҷӯянду ҳамҷинсгароиро ҳамчун песу махавзада мешуморанд. Бадбахтона, на ҳамаи мусалмонон ба ин ҷудоӣ қодиранд. Масалан, узви ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати Ислом хуб медонанд, ки сухангӯяки бепардози ҳангомаҷӯяшон Муҳаммадиқболи Садриддин бо баъзе сабабҳо солҳои тӯлонӣ дар тарбиятиқумандонҳои афғон будаасту ӯро онон ба якдигар тӯҳфа мекардаанд.
Ҳамҷинсгароии Муҳаммадиқболи Садриддинро коршиносони муваффақ бо далелҳои амиқисбот намудаанд ва ҳоҷат ба баҳс нест. Вале, сабаби аз ӯ ҷудоӣ накардани палидони наҳзатӣ бо сардории Муҳиддин Кабирии муртад ва чоплусони хушомадгӯи ӯ аз Муҳаммадиқбол дар чист? Ноилоҷанд, ки ҳамнишин бошанд ё худ хоҳиши дигар доранд? Эҳтимол, аллакай ба бемории ҳамҷинсгароӣ сироят ёфтаанду Муҳаммадиқболро мураббӣ барои худ гирифтаанд? Ё худ нобакорони муғризи наҳзатӣ то ба дараҷае мутеи хоҷагони аҷнабӣ шудаанд, ки ҳатто фармони ононро ҷиҳати ҳамҷинсгароӣ бечунучаро мепазиранд?
Таърих собит сохтааст, ки солҳои тӯлонӣ наҳзатиён ба баҳри макру фиреб, бӯҳтону дасисабозӣ, иғвою бемиҷозӣ ғӯта задаанду барояшон ҳамҷинсгароӣ амале дар ин қатор бошад? Ба ҳар ҳол шояд Кабирӣ ба табибе муроҷиат карда ташхис намояд, хубтар буд?! Вагарна, вақти муайяне мегузараду ҷаҳониён огоҳ мегарданд, ки издивоҷи байни Кабирӣ ва Муҳаммадиқбол, ё Муҳаммадиқбол бо Сайидюнуси Истаравшанӣ расман ба қайд гирифта шудаасту хоҷагони онҳо аз онон рӯй гардонидаанд. Зеро, гарчанд аҷнабӣ асту мунофиқ ва дасисабоз, лек мусалмон асту аз касофат метарсад! Палиду нобакор бошанд ҳам, аз ору номус байни мардумро андеша мекунанд. Вале, ба ивази Кабириву ҳаммаслакони аблаҳу ландаҳури ӯ чӣ тавр ҷойивазкуни мувофиқ меёбанд, муаммои сарбаста боқӣ мемонад? Зеро, чунин афроди хиёнаткору ватану мазҳабфурӯш дар олам хеле кам вомехӯранд.
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”