Ҷамъияти дурӯғпаҳнкунанда
Беҳуда гузаштагони мо нагуфтаанд “Ҳамҳангиву ва ҳам сарҳангӣ”. Ин гуфтаро халқи ҳамсоякишвар ба тоҷикони орому осоишта бо кирду корашон баён карда истодаанд. Намояндагони садорати давлати соҳибихтиёри қирғиз Оллоҳи Бузургвор гӯён шуури ҷамъияти на танҳо худ, балки тоҷиконро вайрон намуда истодаанд, гӯёқирғизонро халқи тоҷик халалдор кардаву нооромиро паҳн намуда истода бошад.
Халқи тоҷик зери сулҳу салоҳ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари худ ба зиндагии орому осоиштаи худ овораанду намояндагони халқи ҳамсоякишвар аз оромии онҳо гӯё халалдор гардида истода бошанд ва бо воситаи ВАО ба аҳолии ҳардуи кишвар муроҷиат намуда истодаанд, ки гӯё сокинони осоиштаи қирғизро тоҷикон халалдор намуда истода бошанд.
Ҳамеша садорати ҳамсоякишварамон – Қирғизистон Тоҷикистони соҳибихтиёри моро барои риоя накардан ба созишномаҳои сулҳи байниҳамдигарӣ гунаҳкор мешуморанд. Аммо Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ масъалаи марзро ба Қирғизистон дида набаромадааст. Танҳо ин масъаларо қирғизон ба миён андохта, аз он бӯҳтонҳо сароида ҳардуи халқро бо ҳам номуросо намуда истодаанд.
Тамоми ҷаҳониён медонанд, ки Пешвои миллати мо кишварамонро аз нестӣ ба ҳастӣ оварда расониданд, ки ин худ аз худаш нашудааст - яъне ҳоло Тоҷикистонро чун давлати ҳуқуқбунёд ва дунявӣ тамоми ҷаҳониён пазируфтаанд. Барои ба чунин рӯзҳои орому сулҳобод расидан ҷонбозиҳои Сарвари кишварамон бешумор аст. Пешвои миллатамон зери даҳшату фитнаҳои ҳамсоякишварҳо монда, далерона ба ҳамсоякишварҳои ноорому пур аз иғво ташриф оварда, шартномаҳои сулҳ бастанд, ки ин ҳама барои осоиштагӣ ва накуаҳолигии халқи кишварамон буд.
Ҳоло муноқишаҳои навбатиро худи душманони миллат ташкил намуда истодаанд. Он муноқишагарон худ саршори ҷиноятҳо ва шармандагиҳои зиёданд, ки ба воситаи ВАО ба халқ хабару муроҷиат намуда истодаанд. Онҳо як гурӯҳ шахсони дорои мартабаҳои олии давлатианд, ки дасисаву иғвоҳои гӯшношунидро ба миён андохта, халқи тоҷики аз ҷанги шаҳрвандӣ дилгиршударо ба низову нифоқ даъват карда истодаанд. Аммо халқи қирғиз бехабаранд, ки тоҷикон ба низоъҳои беисбот дода намешаванд.
Он ашхоси ба халқи тоҷик муроҷиатнамуда бехабаранд, ки халқи мо ҳамаи кирду кори дар сарҳад барпой намуда истодаи онҳоро медонанд, вале он низоъдӯстонро бо низоъҳои тӯҳматбор ба ҳурмати ҳамсоягиву хешутаборӣ бахшида истодаанд. Ҳамсояхалқамон қирғизон бошанд, аз пайи ҷидоломезианд.
Халқи тоҷик ҳар як қадами некро, ки кишвараш Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштааст медонад ва ҳамеша тайёр аст қафаси синаашро ба тирҳои душман чун сипар дорад.
Акнун ба ёд меорем, дар ибтидои қарни нав Сарвари кишварамон ба миёни халқи ҳамсоякишвари худ пиёда даромада, халқи гурехтаву тарсону ҳаросони худро ба ватанамон – Тоҷикистон баргардониданд? Бале, баргардонида тавонистанд, зеро ин шахси бузург боҷуръату бебок мебошанд.Вале оид ба қаҳрамониҳои Пешвои миллат барои пойдории сулҳу ваҳдат варақҳоро пур кунем ҳам варақҳо намерасанд. Китобҳои тозанашр оид ба дастовардҳои Истиқлолият дар кишвар исботи онҳоанд.
Халқи бародари ҳамсоякишвари азиз – Қирғизистон! Мо, халқи тоҷик медонем, ки Сарвари кишварамон содиқи на танҳо миллатихуд, балки халқи ҳамсоякишварҳои худ мебошанд. Ҳоҷати иғвову дасисаандозии шумоён нисбати роҳбари давлати мо нест. Беҳуда вақти худро ба дасисаандозӣ нисбати халқи тоҷик сарф накунед. Тоҷикони муосирро Шумоён барин ҳамсоякишварҳои дасисагӯву бӯҳтонсаро бо иғвою сарҳадвайронкуниҳояшон обутоб додааст. Нисбати халқу давлати Тоҷикистон гуфтаҳои шуморо аз ҳамсоякишвари ёру бародар мо тоҷикон умедвор нестем. Мо ёру бародарем ва кӯшиш хоҳем намуд дар байни ҳамсоякишварҳо намунаи якдигар бошем.
Кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ.