​Ҷамъбасти ҳафтаи илм дар кафедраи фарҳангшиносӣ

Дар кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ дар доираи ҳафтаи илм силсилаи чорабиниҳои илмӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар доираи семинару конференсия,а мизи мудаввар ва маҳфилҳои илмӣ устодон перомуни мавзуҳои “Талқини масъалаи инсон дар осори Абубакрӣ Розӣ”, “Таъсири медиаи оммавӣ ба ташаккули афкори ҷомеа дар шароити ҷаҳонишавӣ”, Истиқлолияти миллӣ. 30-соли бурдбориҳо ва 30-соли дастовардҳо”, “Андешаҳои ахлоқии мутафаккирони форсу тоҷик”, “Нақши хонавода дар ташаккули шахсият”, “Паёми Пешвои муаззами миллат-талқингари фарҳанги миллӣ” ва “Нақши занон ва бонувон дар пешрафти ҷомеа” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Гуфта шуд, ки зимни баргузории чорабиниҳои илмӣ дар факултетҳо ва Китобхонаи марказии донишгоҳ мавзуҳои зикргардида ба донишҷӯён фаҳмонида шуда, мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Дар доира ин тадбирҳо дар китобхонаи марказии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Илм-фурӯғи маърифат” бо ҷалби устодону донишҷӯён баргузор гардид. Дар чорабинии мавриди назар устодон дар мавзуҳои “Интеграционные процессы современного социокультурного пространства Таджикистана”, “Талқини масъалаи инсон дар осори Абубакрӣ Розӣ” ва “Таъсири медиаи оммавӣ ба ташаккули афкори ҷомеа дар шароити ҷаҳонишавӣ” баромад намуданд.

Ҳамчунин дар факултети физика ва техникаибо ташаббуси кафҷедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Истиқлолияти миллӣ.30-соли бурдбориҳо ва 30-соли дастовардҳо” бо ҷалби беш аз васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Чунин иқдом дар хобгоҳи №3-идонишгоҳ низ роҳандозӣ карда шуд.

Дар чорабинии ҷамъбастӣ, ки дар доираи ҳафтаи илм баргузор гардид, маърӯзаҳо дар мавзуҳои Паёми Пешвои муаззами миллат-талқингари фарҳанги миллӣ”, “Нақши хонавода дар ташаккули шахсият” ва “Нақши занон ва бонувон дар пешрафти ҷомеа”ироа гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ