​Амалҳои муғризонаи ТЭТ ҲНИ нобахшиданист!!!

Имрӯзҳо гурӯҳи ифротгаро бештари ҷавононро, ки берун аз кишвар карор доранд фирефта намуда, ба доми макри худ боз кашидан мехоҳанд. Ҳамчунин ба доми худ ҷавонони муҳассилини кишварҳои арабӣ таҳсилнамуда низ ҷалб мешаванд. Бо баробари ин, барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Барои ҷалби ҷавонони сомонаҳои мухталифи интернетӣ воситаи асосӣ мебошанд. Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар вуҷуд надоранд. Дар иртибот ба ин, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар баромадҳои худ ва инчунин дар ироаи Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид менамоянд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Аз ин лиҳоз, бобати баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ зарур аст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба масоили матраҳшуда кайҳо хулосаи зарурӣ бароварда имрўз ба ТЭТ ҲНИ эътимод надоранд, зеро чанги шахрванди дар кишвар, ки боиси марги даххо хазор ва машаққати ҳазорон нафар сокинон гардида, махз бо сабаби тундравихои хизби мазкур ба амал омада буд. Аз ин ру, мардум хузури сиёсии ҲНИ-ро дар арсаи давлатдори хамчун омили нооромии кишвар тасаввур мекунанд. Воқеан мардуми шарифи Тоҷикистон ҳушёр ҳастанд дар ҳар куҷо, ки набошанд дар фикри ободи ва оромии Ватан ҳастанд. Миллати тоҷҷик ҳамдигарфаҳм ва муттаҳид аст. Истиклолияти давлатии Точикистон ва Ваҳдати миллӣ мухимтарин дастоварди миллати мо дар тулли хазор соли охир аст, ки хифзу гиромидшти он карзи шахрвандии мост. Аз ин ру, вазъи мураккаби сиёсии чахони муосир аз мо беш аз харвакта хушёрии сиёсиро такозо менамояд.

Мо ҳамешагӣ боядсиёсати хирадмандонаи сарвари оқили худро ҷонибдорӣ намуда, ба қадри сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар расида бошем ва нагузорем, ки ТЭИ ҲНИ ба ҳадафҳои нопоки худ расад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ