Амалҳои ғайриқонунии аъзоёни ТЭТ ҲНИ
Мо донишҷӯён зимни изҳороти хеш мехоҳем диққати мардуми кишвар, бахусус ҷавононро нисбат ба дасисаю иғвогарии роҳбари ТТЭ ҲНИ Мухиддин Кабирӣ, ки алҳол номи ҳизбро “Паймони миллӣ...” (ПМ) ном гузошта, имруз бо кӯмаку дастгирии хоҷагони хориҷиаш дар яке кишварҳои Аврупо паноҳ ёфтааст, ба андешаҳои қаблиамон иловатан ибрози ақида менамоем. Бояд қайд кард, ки ин навбат бадхоҳи миллат-М.Кабирӣ тавассутишабакаи иҷтимоӣ, дар барномаи ифротии “Паймонӣ миллӣ” оид ба мавзуъи“Оё дар Тоҷикистон ба монанди давлатҳои Аврупоӣ ба корҳои ғайриахлоқӣ иҷозат дода мешавад ё не?” баромад намуд. Хонандаи закӣ аз мавзуъи интихобкардаи роҳбари ТТЭ ҲНИ бе ягон мушкили дарк мекунад, ки мардуми боорору номуси кишвар, аз ин корҳои ғайриахлоқӣ хеле дуранд ва ин ҳаводис асосан дар кишварҳои ба ҳамагон маълумба назар мерасад.Кабирӣ амалҳои ғайримақбулро дар макони зисти ҳозирааш мушоҳида намуда,бо дарназардошти ин ҳолатаз хабарҳои ҳангомаю ҳарза, бӯҳтону иғво мебофанду ба ҷаҳониён чун ҳақиқати воқеӣ пешкаш месозанд. Ҳилаю фиреб, макру ҳиллаи Муҳиддин Кабириву чоплусони ватангадояш аслан бо фармоиши хоҷагони маблағгузори хориҷӣ таҳия ва тарҳрезӣ мешаваду баъзе ифротгароёни дохилӣ ба онҳо ҳамшарикӣ мисли ҳамҷинсгароӣ мекунанд. Ҳатто ин тоифаи чоплус андеша ҳам намекунанд, ки обу нони Ватан онҳоро кӯру оҷиз мекунад. Зеро, ақлу тамиз, адлу инсоф, фаҳму фаросот онҳоро тарк кардаасту нафси худ ба Иблиси малъун фурӯхтаанд.
Бояд қайд кард, ки њар кас фикру ақидаи шахсии худро дорад, на дар минбару шабакаҳои иҷтимоӣ бо забони давлати аз номи кишвар сухан гўяд. Ёдовар мешавем, ки ягон миллати ҷомеаи имрўзамисли Кабирӣ нисбат ба миллату давлат сухани қабеҳ гуфтанаш ба назар намерасад. Ба андешаи мо Кабирӣ аз ақл бегона шудааст ва ё як ифротии ба бемории руҳӣ гирифторшудае беш нест! Аслан инро аз баромадҳои видеоияш эҳсос карда будем, ки бо чунин авзои беҷо ё бемории руҳӣ дорад ё нашъаманд ҳаст.
БаКабирию ҳаммаслаконаш, умуман ба бадхоҳони миллат гуфтанием, ки дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳуввияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат кардааст. Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки бар зидди чунин душманони миллати тоҷик мубориза кардем.
Хулоса, баромади навбатии Муҳиддин Кабирӣ бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Биноабар ин, бахусус љавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандўстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгароро фаҳманд ва ҳимояи кишварро аз тањдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор дињанд.
Дар фарҷоми изҳороти хеш бояд қайд кард, ки мо ҳамавақт суханҳои Кабирӣ ва умуман пайравони ТТЭ ҲНИ-ПМ-ро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки ин мунофиќони беимон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд!