​Амали гурӯҳҳои террористиро маҳкум мекунем!

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар остонаи ҷашни пуршукӯҳу фаромӯшношуданӣ ва таърихӣ қарор доранд. 27 – июни соли 1997 дар саросари кишвар Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Воқеан, баҳам омаданҳо ва ваҳдату якдилӣ барои миллати ин сарзамини бостонӣ беҳтарин ганҷ ва сарвати бебаҳост. Инак, 25 сол мешавад, ки дар фазои Тоҷикистон сулҳу амният танинтандоз аст. Маҳз самараи сулҳ аст, ки Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро бо соири кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда, мардуми диёр барои боз ҳам ободу зебо гардидани ватани аҷдодии хеш меҳнати созандаро пешаи худ кардааст. Таъмини сулҳу салоҳи саросарии кишвар ва ваҳдату ягонагӣ боиси эҷоди заминаи боэътимоди рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гардидааст.

Сулҳи бебозгашти тоҷикон неъмати бебаҳои Парвардигор аст ва мо бояд ба қадри ин рӯзҳои хушу осуда ва сулҳу суботи кишвар бирасем. Имрӯз раванди ҳодисаҳои ҷаҳон ҳамаи моро ҳӯшдор медиҳад, ки аз бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи арзишҳои олии миллӣ ва таъмини амнияту оромии кишвар ҷаҳду талош намоем.

Дар Паёми хеш баМаҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари кишвар бо масъулияти баланд аз ҳаводиси воқеаҳои охири ҷаҳони имрӯз ёдовар гардида, таъкид менамояд:

«Мардуми шарифи Тоҷикистон масъулияти имрӯзу фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамонро ба зиммаи мову шумо вогузор намудаанд. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки тамоми азму ирода ва нерӯву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем».

Мутассифона, ҳаводиси охир, ки дар минтақаи Бадахшони Кӯҳӣ рух дод, ҳар як шахси ватандӯсту худогоҳро бетараф гузошта наметавонад. Аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ ёфтем, ки як гуруҳ ҷавонони гумроҳ бо сарварии Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дар маркази шаҳри Хоруғ даст ба гирдиҳамоӣ зада, талабҳои ғайриқонунӣ намуданд. Чун ба мақсудашон нарасиданд, дар такя бо хоҷагони хориҷии худ дар роҳи байналмилалии Душанбе – Кулма, аниқтараш дар ноҳияи Рӯшон ба амалҳои террористӣ оғоз намуданд. Онҳо бо яроқи оташфишоне, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон ворид карда буданд, ин шоҳроҳро баста, мехоҳанд минтақаро ноором кунанд. Албатта, ҳар кас ба сазои амали хеш хоҳад расид ва аллакай бо неруи тавоно афсарону сарбозони диловари Ватан чандин силоҳбадастон ва узви ин гуруҳи террористӣ мубориза оғоз ёфтааст. Мо боварӣ дорем, ки оромию осудагии Тоҷикистонро ҳеҷ гуруҳ ва ё ҳеҷ шахсияте халалдор карда наметавонад. Барои ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмини амнияту осоиштагии Тоҷикистон дар кишвар тамоми шароит муҳайё мебошад. Неруҳои дохилӣ, амният ва мудофиаи кишвар дар ҳолати омодабош қарор доранд ва намегузоранд, кишвар ба гирдоби ҷангу ҷадалҳо теле дода шавад.

Ҳар як сокини кишвар бояд аз воқеаҳои ҷаҳони имрӯз ибрат гирад ва ба қадри осудагию оромии Тоҷикистон бирасад. Имрӯз бояд воқеаҳои ҷаҳон барои мо дарси ибрат гарданд. Як нооромии кучак, як нофаҳмию нобоварӣ метавонад сабаби ҷангу ҷидол ва муноқишаҳои дуру дароз гардад. Тоҷикистон дар минтақае ҷойгир аст, ки ба амнияту оромии мо аз чаҳор тараф ҳар лаҳза таҳдиду хатарҳо эҳсос карда мешавад. Пас мо бояд, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳама якдилу якҷон барои ободии ин сарзамини муқаддас талош намоем. «Ман ба азму иродаи мустаҳкам, нияти неку хиради азалии мардуми солору сарбаланди тоҷик итминони комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки ҳамаи мо дар солҳои наздик мушкилоти мавҷударо бартараф карда, Тоҷикистони маҳбубамонро ба як кишвари ободу пешрафта табдил медиҳем ва барои зиндагии шоистаи сокинон шароити мусоид фароҳам месозем»-таъкид менамояд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Мо аҳли кормандони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аз ҳодисаҳои охири дар шаҳри Хорух рух дода, изҳори нигаронӣ карда, амали ин гуруҳҳои террористӣ ва ихтилофангезро маҳкум менамоем. Аз ҳамаи сокинони кишвар даъват ба амал меоварем, ки ба дасисаю иғвоангезиҳо дода нашуда, сарбаландона барои имрӯзу фардои кишвари азизамон меҳнати софдилона намоед. Бо овардани як нуктаи ибратомӯз аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ҳамаи сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба Ваҳдату якдилӣ даъват менамоем:

«Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем».

Азизбек ТУРСУНОВ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ