​Амалу кирдорҳои Муҳиддин Кабирӣбар зидди манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ

Роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ имрузҳо ҳамчун хоини Ватан ва миллат шинохта мешавад, ки барҳақ буда, чандин кирдорҳои ношоистаи ӯ аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ ошкор гардидааст.

Ҳар он шахсе, ки ба арсаи сиёсат меояд бояд дар нияти ташаккул ва пешравии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин хидмат ба Ватану миллат ва дар асоси садоқату посдории муқаддасоти миллӣ бошад. Вале дар асл мутаасифона ашхосоне ба монанди Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ҳастанд, ки ба хотири ба даст овардани манфиатҳои хеш ва ба даст овардани ҳокимият дар сар орзуву ҳавасҳоеро мепарвариданд, ки ба дасти бегонагон идора ва маблағгузорӣ мешаванд.Вале бо ҳушёрии мақомотҳои қудратӣдар андак замон чеҳраи аслии онҳо кушода ва нияти шумашон баръало намоён гардидааст.

Ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои исломие, ки вуҷуд доранддар дил нияти барпо сохтани Хилофати умумиҷаҳонии исломӣ мекунанд, ҳама қудратхоҳ мебошанд ва ҳеч гоҳ ба хотири ҳадафи ягона муттаҳид намешаванд. Ба ҳамин хотир, сармоядорони ғарбӣшахсонеро дастгирӣ мекунад, ки ҳувияти исломии мардумро афзоиш медиҳанд, сатҳи саводнокии мардумро коҳиш медиҳад ва дар давлатдорӣ исломи сиёсиро чун ягона дурнамо пешбинӣ мекунад, ки ин ҳадафҳоро хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ низ дар сар дорад.

Зимнан, худи ташкил ва таъсис додани ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон заминаи иҷтимоӣ надошт. Мардум дар оғоз намедонист, ки мақсаду ниятҳои ин ҳизб чӣ хохад буд. Гумон мекарданд, ки акнун маҳз тавассути он фаризаҳои диниашонро иҷро мекунанд ва бо ин васила дини мубини исломро интишор медиҳанд. Ин ҳизб фаъолияташро даркишвари мо оғоз намуду,дар як лаҳза ҷавонони роҳгумзадаро ба худ ҷалб намуд.

Таҷрибаи даҳ соли охир куллан исбот кард, ки Муҳиддин Кабирӣ на танҳо ба тафриқаандозӣ машғул шуд, балки ба онҳое мадад кард, ки мехостанд суботи мамлакати орому осударо тавассути табаддулот барҳам зананд.

Бо шарофати расонаҳои шабакаҳои интернетӣ, баъзе паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи ҲНИ ва роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ошкор мегардад. Дар шабакаҳои сомонаҳои интернетӣ ин хоини миллат нақшаҳои эктремистии худро тарғиб менамоянд ва вобаста ба фаъолиятҳои мақомоти давлатӣ вокунишҳои манфӣ паҳн месозад.

Хоини Миллат Муҳиддин Кабирӣ ҳамеша кушиш ба харҷ медиҳад, ки сохти конститутсиониро вайрон сохта бар зидди манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ барояд.

Аъзоёни ҲНИ аз ҷумла роҳбари ҷангҷуи он Муҳиддин Кабирӣ ҳамеша то абад ҳамчун хоинони Ватан ва миллат шинохта хоҳанд шуд.

Парвиз Носиров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ