Ҳамаи мо як миллатем

Ҳар нафаре, ки дар ин ё он ҷода комёб мегардадустоди худро дорад. Мақом ва нақши устод дар ҳама давру замон дар мадди аввал меистад.Вақте, ки муроҷиати сардори маорифи Вилояти мухтори куҳистони БадахшонЛутфулло Наврӯзовро гӯш кардам вуҷудам ба ларза омад. Зеро дар ин давру замон гирифтор намудани омӯзгор ба шиканҷа ин ваҳшигист. Сабабгори соҳибилм гаштани мо дар зиндаги ин омӯзгор аст. Инро ҳамаи мардумони бо ору номуси мо медонанд ва дарк кардаанд. Дар урфият мегӯянд, ки:

Одами одам набинад аз куҷо одам шавад,

Шамъ агар оташ набинад аз куҷо равшан шавад.

Муҳаммадбоқиров Муҳаммадбоқи аз ҷумлаи ин гуна одамҳост, ки қадри одамиятро намедонаду ваҳшиёна рафтор мекунад. Инсон набояд маҳалгарои намояд. Маҳалгарои ба ҷудоиву шиканҷа оварда мерасонад. Ин амали номатлуби Муҳаммадбоқиров Муҳаммадбоқи, ки нисбати як омӯзгор раво дидааст хело даҳшатовар аст ва дар ин замина на бояд бетарафи кард. ин гуна афродро бояд решакан намуд то, ки фардо дигаронро низ ба ин ҳол гирифтор накунад. Ҳамаи мо як миллатем ва бо маънои томаш одам ҳастем. Дар ҳадисҳои паёмбарамон низ омадааст, ки “муъмин бародари муъмин аст”. Агар тоҷик ба тоҷики дигар ин амалро раво бинад пас аз дигарон чи ҳоҷат. Муҳаммадбоқиров Муҳаммадбоқи барин инсонҳо бояд ҷазо дода шаванд. Ин гуна нафарон номи миллати тоҷикро паст мезананд.Вақте, ки мо сухан мегӯему амал намекунем ҳамаи суханони мо бекоранд. Одоб, ватандорӣ, ободони аз муҳити зисту муомила бо атрофиён сар мешавад. Пас биёед мамлакатамонро бо некӯи обод мекунему нисбати бадиҳо мубориза мебарем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ