​Ҷалби довталабон ба донишгоҳ

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №11, №20, №21, №22 ва мактаби хусусии “Амид”-и ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади ҷалби довталабон ба ихтисосҳои амалкардаистодаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров устодони кафедраи назария ва амалияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ монданд.

Устодон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №11, №20, №21, №22 ва мактаби хусусии “Амид”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда, толибилмонро бо равандҳои фаъолият, заминаҳои моддиву техникӣ ва ихтисосҳои донишгоҳ ошно намуданд.

Зимни мулоқоту вохӯриҳо аз тарафи хатмкунандагон саволҳо роҷеъ ба кластер ва ихтисосҳои донишгоҳ дода мешуд, ки гурӯҳи ташвиқотчиён то қадри имкон ба онҳо посухҳои мушаххас доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ