​Ҷалби донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолӣ

Донишҷӯёникурси 3-уюми ихтисоси дизайни маҳсулоти дӯзандагии факултети санъати тасвирӣ ва технология барои сайқал доданидонишҳоиназариявӣ дар раванди истеҳсолот таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолӣ сафарбар карда шуданд. Дар оғоз донишҷӯён бо сохтори корхонаи истеҳсолииҶСП“Ҷавонӣ” ва бо таҷҳизотҳоимуосири онтаҳтироҳбариимуаллимаикафедраитехнологиява методикаитаълими онМ. Таирова шиносоӣ пайдо намуданд.

Директори корхонаи истеҳсолииҶСП“Ҷавонӣ” Иброҳим Ғафуров донишҷӯёнро барои гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолӣ хайрамақдам гуфта, бо кормандони корхона шинос намуд.

Таҷрибаомӯзон бо қоидаҳои техникаи бехатарӣ шинос шуда, аз сехи “Анбори пахта” дидан намуда, пас аз он бо сехҳои омода намудани ресмон, яъне ресидани он низ ошноӣ пайдо карданд. Дар сехи дигар бо тарзи бофтани матоъ, муайянкунии нуқсони матоъ, рангкунии матоъ, буридани матоъ аз рӯи қолаб, сехи дӯзандагӣ ва коркарди мартубу ҳароратӣ ва коркарди охирон дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки донишҷӯёни курси 3-уми ихтисоси дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ ба сехи дӯзандагӣ тақсим гардида, таҷрибаи истеҳсолии худро сайқал хоҳанд дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ