​Ҷалби донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ

Дирӯз дар факултети забонҳои шарқ конференсия оид ба сафарбар намудани донишҷӯёни курси 5 - факултаи забонҳои шарқ ихтисоси хитойӣ-англисӣ ба таҷрибаомӯзӣ оғоз ёфт. Дар конференсия мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ Марҳабо Қосимова роҳбарони зергурӯҳҳо иштирок доштанд.

Нахуст, Марҳабо Қосимова ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки таҷрибаомӯзии истеҳсоли дар мавзеъҳои Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳӣ металлургии Тоҷикистон, Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии “Истиқлол”, мавзеи ҳафриёти Бостоншиносии қалъаи шаҳристони қадим, кӯҳи мадани дар шаҳри Истиқлол, корхонаи сементбарории Консой “Хуаксин”, фурудгоҳи шаҳри Бӯстон, Корхонаи куҳии ҶСШТВЕА Душанбе дар минтақаи шарқии Дуоба ва Кумарғи болои ноҳияи Айнӣ, ҶДММ КМ “Зарафшон” Суғдиён, шаҳри Панҷакент муайян гардида, гузаронида мешавад.

Зикр гардид, ки иштироки донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ ҳатмӣ буда, он ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки малакаву маҳорат ва дониши худро такмил идҳанд.

Дар фарҷом миёни иштирокчиён мубодилаи афкор ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ