Алҳазар аз кӯрнамакон!
Фард ё гурӯҳифардоне, ки таърихи авлоду аҷдоди худро эътирофу эҳтиром қадрдонӣ намекунад, баъдтарин кӯрнамаконе мебошанд, ки сазояшон шармандагӣ ва зиндагии бебақо бошад. Чунин афроди бетамизи разилро дар симои нафарони палид, киба таҳқири қабри қаҳрамони Афғонистон,абармарди нотакрори тоҷиктабор Аҳмадшоҳи Масъуд даст заданд, метавон шинохт. Нафаре, ки муқаддасотро нафаҳмад, аз ӯ чӣ амале инсонӣ интизор шуд? Ҳайвони бешуур аст, кихориши шохашро таврепаст карданист ва аз ин лиҳоз на танаи дарахт шиносаду на санги хоро ?!
Мансабдорони ҳаракати “Толибон”- у ҳаммаслакони онҳо бояд хуб огоҳ бошанд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд баҳри озодии Ватани худ ҷонбозиҳои зиёде кардааст ва ҷаҳониён ӯро ба сифати озодихоҳи шуҷоъ эҳтирому парастиш мекунанд. Баъдан, ӯ саҳифаи дураҳшони таърихи давлатдории Афғонистон асту худи мардум ба ӯ унвони қаҳрамонӣ додааст.
Мардуми шарифи Тоҷикистон саҳми босазою шоистаи Аҳмадшоҳ Масъудро дар равнди истиқрори сулҳу кишвар хеле хуб медонанд ва қадршиносӣ мекунанд. Амали қабеҳи нафарони ифротиипучмағзро якдилона маҳкум менамоянду киноя ба шаъну шараф мефаҳманд. Гар ҳаракати Толибон қаробати хешу табори миллатҳои тоҷику афғонро эҳтиром нанамоянд, чӣ тавр метавон оид ба таҳкими муносибатҳои тарафайн сухан ронд? Эҳтимол меравад, ки тақдири мақбараи Аҳмадшоҳи Масъуд амали таҳррезӣ кардаи хоинонаи нафаронест, ки байни Тоҷикистону Афғонистон, байни тоҷику афғон мехоҳанд ихтилоф андозанду муносибатҳо рахна гарданд?!
Дар радифи андешаҳои баёнгардида аз масъулин ва ҳам роҳбарияти ҳаракати “Толибон” қотеёна талаб менамоем, ки таҳқири мақбара пешгирӣ карда шаваду дар оянда зиёратгоҳи Аҳмадшоҳ Масъудиқаҳрамон ҳамчун муқаддасоти давлати ҳафз гардад. Вагарна, чархи таърих ба сари ҳамаи толибону атрофиёнаш гулӯлаҳое ҳаво медиҳад, ки ононро парешону пароканда созад!
Агар амну ҳифзи оромгоҳи қаҳрамони шуҷои тоҷик Аҳмадшоҳ Масъудро кафолат дода наметавонед, ҷавонмардони сершумори тоҷик омодаандҳифзу амнияти муқаддасоти башариятробар дӯши худ бигиранд. Зеро, нигоҳдоштимиллатуарзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди хештаншиносу худогоҳ аст, ки суботу дурнамои миллати тамаддунсозу фаҳангсолори моро муайяну исбот менамояд. Бинобар ин, эҳтиромона даъват менамоям, ки фавран масъалаи ҳифзи мақбараи қаҳрамони Ватан баррасӣ ва амни доимии он таъмин карда шавад.
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”