​Акс: ҷузъи муҳим дар журналистика ё чанд тавсия оид ба акси мобилӣ

Ин мавзуъ барои донишҷӯёни курси дуюми кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавӣ аз фанни "Лайфстайл ва тревэлжурналистика" шарҳ дода шуд.

Гуфта шуд, ки аксбардорӣ ва дизайн ду соҳаи муҳими замони имрӯза ба ҳисоб меравад. Махсусан, соҳаи журналистикаро бидуни дизайнер ва аксбардор тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аксбардорӣ ва дизайн касбе мебошанд, ки аз журналист сабру тоқат ва завқи баландро талаб мекунад.

Дар рафти машғулият оид ба таърихи пайдоиш ва истифодаи дурусти дастгоҳҳои суратгирӣ, аз ҷумла телефони дастӣ, интихоби макон ва объект ҳангоми аксбардорӣ, истифодаи рӯшноӣ ва дигар нозукиҳои касби аккосӣ маълумот дода шуд.

Ба донишҷӯён қоидаҳои маъмули аксбардорӣ, аз ҷумла режими худкор, ҳолати барнома (P), усули афзалиятноки кушодагӣ (A ё AV, вобаста ба камера), усули афзалиятноки парда (S вобаста ба камера), ҳолати дастӣ (М), усулҳои саҳна (SCN) омӯзонида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ