Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад

Собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ, ки фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ дониста мешавад солҳои 90-уми асри 20 таъсис ёфта, мехостанд бо номи ислом низоми давлатдориро дигаргун кунанд, мазҳаби шиаро бо кадом роҳе, ки бошад ба сари мардум таҳмил кунанд. Онҳо аз аввали таъсисёбӣ фикри баду кинаву адоват доштанд.Шукри беҳамто, ки ақли солим ғалаба кард, онҳо натавонистанд, ки давлати демократиро аз байн баранд, аммо тавонистанд, ки баъзе аъзо ва хусусан роҳбарияти ин ҳизби хиёнаткорро ба шиагароӣ моил кунонида аз мазҳаби бобоӣ рӯ гардононданд.

Онҳо баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои худ аз рӯи амали “Тақия”, ки дар мазҳаби шиа роиҷ буда, маънои “Дурӯғ гуфтан ҷоиз”-ро дорад, мазҳаби худро пинҳон дошта, ман шиа не ман, ҳанафӣ гуфтанро ихтиёр карданд. Боиси таасуф аст, ки то имрӯз дар дохили кишвар шиашудаҳо низ зиндагӣ доранду бо кирдору амалҳои паст мардумро гумроҳ мекунанд. Бояд гуфт, ки мазҳабфурӯши баробари ватанфурӯшист. Нафаре, ки ватанашро фурӯхтааст вай номусу арзишҳои миллии худро фурӯхтааст. Барои ин гуна нафарон номус, виҷдон ва одамигарӣ ягон қадру қиммат надорад. Мурури замон исбот намуд, ки ҳизби наҳзат чи гуна ҳизб асту оқибати он касро ба куҷо мебарад. Мардум аллакай ҳушёранд ва медонанд, ки Ҳизби наҳзати ислом чун ҳизби террористию-экстимистӣ дар тамоми ҷаҳон шинохта шудааст. Бояд, гуфт, ки мо тоҷикони асри навему зери тарбияи аҷдодонамон бо шиори “гуфтори нек, рафтори нек, пиндори нек” ба воя расидаему ин анъанаро гум намекунем.

Раванди рӯзгор собит намуд, ки дар замони имрӯза барои Тоҷикистон умуман барои ҳамаи ҷаҳон амали аз ҳама хатарноктарин аз дин сӯиистифода кардану мазҳабро тағйир додан, аз номи дин ҳизб ташкил карда, мардумро гумроҳ кардан аст.

Ман ба ҳамаи ҷавонони кишвари азизам муроҷиат намуда гуфтания, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, фирефтаи пулу моли бегона нашаванд ва Ватани азизу маҳбубамонро дӯст доранду барои шукуфоии ин сарзамини аҷдодӣ камари ҳиммат банданд.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ