Ҳаққи ҳамсоя бо ҳаққи Худо баробар аст...

Ин гуфтаҳои ҳикматбори паёмбари мусалмонони ҷаҳон Муҳаммад (с.а.в.) аст, ки мо тоҷиконро ҳам талқин менамояд, ки дар ҳаққи ҳамсоягони худ роҳи муросо ва шароити тинҷию осудагиро раво бинем. Ҳамсоя барои маҳалҳои аҳолинишин як такягоҳ, як дастаи муташаккил барои гузаронидан ва ташкили ҳамагуна маъракаю чорабиниҳо маҳсуб меёбад. Бе иштироки ҳамсоягон маъракаи мо ҳусну таровати хоса пайдо намекунад. Маҳз дар шоҳидии ин ашхос соҳибмаърака бо нияти пок ва хотири осуда чорабиниро мегузаронад. Дар вақтҳои фориғ аз кор метавон як сӯҳбати озод ташкил намуда, хастгиҳои рузгорро паси сар кард. Бачагон ҳам дар ҳаёташон аз бозиҳои ҳамсоягӣ ва даврони беғаши кӯдакӣ хотираҳои наҷибро дар хотир доранд. Дар вақти мусибат ҳам якум ҳамсояи наздик ҳозир шуда, дастгиру мададгор мешаванд. Ба қавле дар урфият нагуфтаанд: “Аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар”. Ва ин насиҳатҳо аз қадим барои мо, насли имрӯз боқӣ мондааст. Чун хазина дар зеҳни ҳар яки мо бо хатти заррин сабт ёфтаанд.

Хулоса, ҶИ Афғонистон ҳам барои мо як ҳамсояи наздик буда, ба истилоҳ “бародарони миёндевор” маҳсуб меёбем. Байни мо забон, фарҳанги ягона, расму анъанаи миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида ягона мебошанд. Ҳаққу ҳуқуқҳоямон ҳамчун ҳамсоя аз тарафи дини мубини ислом ҳам, баробари Худо дониста шудааст. Барои таъмини амну суботи якдигар ва халалдор накардани оромии якдигар бояд кӯшиш кард, ки эҳтиром, нангу номус ва масъулиятро ҷоннок кард. Гуфтаи бузургон ва авлоди пешинагонро сармашқи зиндагӣ қарор дода, ин замину ин макони меҳанро ба ояндагон ободу зебо мерос гузорем. Ва чунин муносибати дӯстона ва эҳтиромона метавонад ҳамагонро ба мақсад мерасонад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ