Ақидаҳои беасоси Bomdod.com

Барои боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани бехатарии давлат ва аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб эмин доштани халк Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамешагӣ кўшиш менамоянд.

Бояд қайд кард, ки дар шароити имрўза вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай бо пешравиҳои худ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар дохил ва муносибатҳои байналхалқӣ худро муаррифӣ карда истодааст ва пайваста кўшиш намуда истодааст, ки мардум осудаҳол бо меҳнати ҳалоли худ зиндагии худро ба пеш баранд.

Бино ба иттилои сомонаи иғвоангези Bomdod.com вобаста ба он корҳои ношояме, ки рўзҳои гузашта дар Хоруғ рух доданд хабар дода истодаанд, ки байни яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон ва кормандони милиса рух додааст, мебошад.

Ҷоиз ба қайд аст, ки ин манбаи расмӣ нест, ин манбаи ғайрирасми мебошад ва ин гуфтаҳо гуфтаҳои беасосанд. Зеро дар Хоруғ вазъият ором аст ва мардуми минтақа осуда кору фаъолият бурда истодаанд.

Бояд халқи тоҷик аз дастовардҳои даврони истиқлолият баҳра баранд онро ҳифз намоянд, муқаддас шуморанд, новобаста аз он ки дар дохили Тоҷикистон ё ин ки берун аз он қарор доранд. Бояд онҳо бо ҳисси масъулиятшиносиву хештаншиносии худ дарк намоянд.

Халқи шарафманди тоҷик ба ҳар гуна овозаҳову ақидаҳои беасос бовар намекунанд, зеро онҳо пайваста ба сулҳу осоиштагӣ амал карда сиёсати созандаву сулҳофари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд.

Мо метавонем гуфта, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол мардуми сарбаланду бофарҳанг дорад ва бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонад, ки ба яке аз мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил ёбад. Боварӣ дорем, ки ба ин шаҳрвандони қавииродаи Ватани азизамон мусоидат хоҳанд кард.

Меҳримоҳ Ватанзода

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ