Ақидаҳои беасос нисбати кишвари мо ин аз рӯи инсонигарӣ нест!

Барои боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани бехатарии давлат ва аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб эмин доштани халк Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамешагӣ кӯшиш менамоянд. Воқеаҳои солҳои 90-уми карни гузашта исбот намудааст, ки ба сулху Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон ин таҷрибаест барои дигарон. Зеро ки барои расидан ба ин ҳадаф аз чӣ қадар ҷоннисориву ҷонкоҳиҳо гузаштааст мардуми шарафманди тоҷик.

Бояд қайд кард, ки дар шароити имрӯза вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай бо пешравиҳои худ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар дохил ва муносибатҳои байналхалқӣ худро муаррифӣ карда истодааст ва пайваста кӯшиш намуда истодааст, ки мардум осудаҳол бо меҳнати ҳалоли худ зиндагии худро ба пеш баранд.

Бояд халқи тоҷик аз дастовардҳои даврони истиқлолият баҳра баранд онро ҳифз намоянд, муқаддас шуморанд, новобаста аз он ки дар дохили Тоҷикистон ё ин ки берун аз он қарор доранд. Бояд онҳо бо ҳисси масъулиятшиносиву хештаншиносии худ дарк намоянд, ки ҳамаи ин бевосита кӯшишу заҳматҳои Сарвари муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Аз ин навор бармеояд, ки дар ҷамъияти мо шахсоне ҳастанд, ки худашонро ѓамхори халқ меноманду аз хориҷа истода, нисбати давлату ҳукумат суханҳои беасос мегӯянд. Ин кори нодуруст мебошад, зеро ақидаҳои беасос нисбати кишвари мо ин аз рӯи инсонигарӣ нест.

Мо бояд ҳамеша бикӯшем, то ки ҳамеша барои пешрафти халқу Ватани азизамон бо меҳнати софдилона хизмат кунем ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоем.

Шаҳнур

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ