Якдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва сулҳи устувор мароми мост

Бино ба иттилои расонаҳои хабари Лутфулло Наврӯзов, сардори раёсати маорифи ВМКБ дар як навори видеоие, ки шабакаи телевизионии «Бадахшон» нашр кард аз 31 январ ки он дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр шуд, иддао дорад, ки яке аз раҳбарони ғайрирасмӣ, Мухаммадбокир Мухаммадбокиров ба хонаи ў омада ўро латукуб кардаанд.

Мухаммадбокир Мухаммадбокиров роҳбари ғайрирасмии ВМКБ мебошад. Ў тавассути сомонаҳои интернетӣ дар баромадҳои худ зидди кормандони давлатӣ баромад карда дар ВАО ҳар кадаре метавонад, онҳоро бадном мекунад.

Аз ин хотир вақти он расидааст, ки ҳар як фарди ҷомеа ба рафтори носозандаи ин гуна ашхосон зид баромада нагузорем, ки ақидаи носолими онҳо ба мафкураи тозаи созандагони давлати навини тоҷикон ворид гардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳоро барои рушди ҳамаи гурўҳҳои иҷтимои муҳайё намудааст, ки аз ин мо шаҳрвандон бояд шукрона намоем. Ҷаҳони муосир пуртазод аст, ки он манотиқи гуногуни оламро фаро гирифтааст, лекин шукрона кишвари азизи мо таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон —Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳоиаввали истиқлолият худшиносиву худогоҳиро дар мадди аввал гузошт. Мардумро ба якдигарфаҳми,ягонагӣ ва сулҳи устувор даъват намуд. Имрўз мо тамоми қишрҳоиҷомеа маҳз аз рўи ин ҳадафҳоисозанда, ки рушди минбаъдаиҳар як давлатро нишон медиҳанд кору фаъолият намоем. Ҷомеаи имрўзаимо бо суботи комили сиёси пеш рафта истодааст ва онро тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дастгирӣ намуда, тамоми ҳастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд. Монабояд ба суханпардозиҳои беасос гўш андозем, балки бо фарҳангу маърифати баланди Ватандўсти баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз кору амал намоем.

Барно Умарова

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ