Ахлоқ ва маънавиёт муаррификунандаи афкори ҷомеа
Барои ҳар як насл рафтору гуфтор ва амали волидайн дар зеҳнаш чун улгу нақш мебандад. Зеро кӯдакон аз мушоҳида ва алоқа бо волидайн, бо тамоми соҳаҳои ҳаёти оилавӣ дар як қолаби муайян шинос шуда, ин фарҳангро тавассути волидайн ва хешовандон азхуд менамоянд. Дар асоси ҳамин фарҳанги оилавӣ зеҳн ва афкори ӯ инкишофу ташаккул меёбад.
Муҳаққиқ Худойқулова Қ.Ҷ. қайд менамояд, ки “Ҳастанд волидайне, ки фарзандони худро аз ҷиҳати иқтисодӣ аз будаш зиёд таъмин менамоянд ва аз синни хурдсолӣ ўро дар руҳияи худпарастӣ, хасисӣ, худбинӣ тарбия менамоянд”. Дар натиҷа, волидайн кӯдаконро дар оила ҳамчун эрка ба воя расонида, ба хотири он ба фарзандон алоқа мекунанд, ки то ба падару модари худ писанд ояд, на ба мақсадҳои тарбиявӣ. Волидайн баъзан чунон меҳисобанд, ки омўзиш ва ҳам тарбия кори мутахассис-омўзгор аст. Дар баъзан ҳолат волидайн худ қайд менамоянд, ки барои тарбияи фарзандон на дониш доранду на вақт. Бино ба андешаи онҳо, гўё вазифаи асосии волидайн хўронидан, пўшонидан ва таъмин кардан бо чизҳои зарурӣ мебошад.
Дар баробари ин вазифаҳои сершумори дигари шаҳрвандон низ ҳастанд, ки ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ танзим карда намешаванд. Ин меъёрҳо аслан аз вазифаю ўҳдадориҳои ахлоқию маънавии шаҳрванд бармеоянд, ки онҳо ба меъёрҳои ҳуқуқӣ вобаста нестанд. Масалан, вазифаи шаҳрванд, дар назди ватан, давлат, ҷомеа, миллат, оила, омўзгорон, дар ҷои кор, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дар назди башар. Аксари инҳо вазифаҳое мебошанд, ки ба меъёрҳои ахлоқи шаҳрванд дохил гардидаанд. Сарфи назар аз ин, ҳамаи онҳо вазифаҳои шаҳрвандро ташкил медиҳанд. Агар вазифаҳои конститутсионии шаҳрвандонро қонунҳо танзим намоянд, пас меъёрҳои дигари вазифаҳои шаҳрвандӣ тавассути ахлоқ, маънавиёт ва афкори ҷомеа баҳо дода мешаванд.
Дар оилае, ки дар он тарбия дуруст ва фазо солим ба роҳ монда нашудааст, фарзандон нисбатан осебпазир ҳастанд. Дар қиёс ба оилаҳое, ки устувор ва хушбахт ҳастанд, дар оилаҳои муаммодор бештар шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротӣ ба қайд гирифта мешавад. Бо назардошти ин нукта, хулоса мешавад, ки оила дар тақдири фарзандон таъсири бориз мегузорад.
Бобоҷони Хайриддин – устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров