​Ҳафтаи забони фаронсавӣ

Дар факултети забонҳои шарқ ҳафтаи забони фаронсавӣ идома дорад. Дар доираи ин иқдом як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки давоми ҳафта олимпиадаи забони фаронсавӣ, намоиши филми фаронсавӣ, озмуни ширинҳои беҳтарини фаронсавӣ, намоиши китобҳо ва маҳфили “Нависандагони шинохтаи Фаронса”, намоиши филми фаронсавӣ ва дигар намуди ҷамъомадҳо роҳандозӣ шуда истодааст.

Гуфта мешавад, ки ин ташаббус то санаи 3 май идома хоҳад кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ