​Ҳафтаи забони чинӣ

Дар доираи барномаи баргузории “ҳафтаи забони чинӣ” дар факултети забонҳои шарқ озмуни “хониши ифоданок” байни донишҷӯёни ихтисоси забонҳои хитойӣ-англисӣ ва арабӣ-хитойӣ гузаронида шуд. Шарти озмун ифоданок ва таъсирбахш хондани шеър ё ҳикояи тарбиявӣ буд, ки дар он донишҷӯён малакаю маҳорати забондонии худро нишон дода, шеър, ҳикоя ва зарбулмасалу мақолҳоро бо забонҳои англисӣ, арабӣ ва чинӣ қироат намуданд. Озмун бо иштироки ҳайати комиссия ҷараён гирифт, ки донишҷўён бо лаёқати баланд шартҳороиҷро менамуданд ва ҳайати комиссия барои шаффоф гузаштани маҳфил баъди иҷрои ҳар як бахш ба иштирокчиён баҳогузорӣ менамуданд.

Аз рӯи иҷрои шартҳои озмун ва баҳогузории комиссия беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, бо тӯҳфаҳои садорати факултет қадршиносӣ гардиданд.

Дар фарҷом қайд гардид, ки барои бедор намудани шавқу рағбати донишҷўён нисбат забономӯзӣминбаъд низ дар факултет чунин озмунҳо роҳандозӣ карда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ