Ҳафтаи илм дар факултети физикаю техника

Бо ташабуси кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти факултети физикаю техника “Ҳафтаи илм” доир гардид. Дар доираи ин тадбир олимпиадаи байни донишҷӯён аз фанни физика ташкилу баргузор карда шуд.

Муовини декан оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Ашӯрова ҳозиринро бо нақшаи баргузории ҳафтаи илм дар факултет шинос намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ва шаффоф ташкил ва баргузор намудани олимпиадаи фанни ибрози назар намуд.

Мудири кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт дотсент, Насимҷон Умаров иштирокчиёнро бо тартиби гузаронидани олимпиада шинос намуда, ба онҳо варақаҳои саволномаро тақсим намуд.

Дар анҷоми олимпиада дотсент Насимҷон Умаров чорабиниро ҷамъбаст намуда, ба иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ғолибон бо туҳфа ва сипосномаҳои садорати факултет қаршиносӣ мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ