Ҳафтаи илм бо озмуни ҷумҳуриявӣ "Тоҷикон - оинаи таърихи миллат"​ оғоз гардид

Бахшида ба 115 солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи оғози ҳафтаи илм дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикон - оинаи таърихи миллат" дар байни донишҷӯён гузаронида шуд.

Сараввал, декани факултет Хушбахт Нуриллозода, баромад намуда, иброз дошт, ки ташаббуси мазкур ба ифтихори 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ташкил шудааст.

Дар ҷараёни озмун донишҷӯён ба саволҳо доир ба мӯҳтавои китоби "Тоҷикон" - и Қаҳрамони Тоҷикистон ҷавоб пешниҳод намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки соли равон таҳти сарпарасти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикон - оинаи таърихи миллат" дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат, ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва олимону муҳаққиқони соҳаи таърих баргузор мегардад.

Ғолибони озмуни мазкур ба давраи донишгоҳ роҳ ёфтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ