​Ҳафтаи илм: аз маҳфил то мулоқоту конфронс

Дар кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ҳафтаи илм ҷамъбаст гардид. Ба ин муносибат бо иштироки мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Бердишукуров Абдунаим ҷаласа доир гардида, аз ҳафтаи илм натиҷагирӣ шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми ҳафта бо ташаббуси омӯзгорони кафедра дар тамоми факултетҳои донишгоҳ силсилаи ташаббусҳои судманд ва чорабиниҳои муҳиму муфид роҳандозӣ гардиданд.

Аз ҷумла, давоми ҳафта бо иқдоми устодони кафедра маҳфили илмии “Сиёсатшиноси ҷавон” дар мавзуъҳои “Паёми Пешвои миллат – кафили зиндагии осудаи мардум ва сулҳу суботи мамлакат” ва “Тундгароии динӣ ва амнияти миллӣ” доир гардид. Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – рамзи сарҷамъӣ ва саодати мардум”, мизи мудаввар дар хобгоҳҳои донишгоҳ дар мавзуъҳои “Мақоми зан дар Паёми сарвари кишвар”, “Пешвои миллат - ҳидоятгари ҷавонон” ва “Мақоми зан дар сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон” баргузор шуданд.

Нишасти навбатии маҳфили илмии “Сиёсат ва ҷомеа” дар доираи ҳафтаи илм дар Китобхонаи илмии донишгоҳ сурат гирифта, дар доираи он перомуни мавзуъҳои “Ваҳдат – мароми олии миллат”, “Илму маориф дар меҳвари Паём”, “Ваҳдат - ганҷи ҷовидони миллат” маърӯзаҳо шунида шуданд.

Инчунин, бо ташаббуси кафедра дар гуруҳҳои академикии факултетҳои донишгоҳ оид ба масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир мулоқоту суҳбат анҷом ёфта, маърӯзаи мудири кафедра Бердишукуров Абдунаим таҳти унвони “Маориф – пояи асосии рушди давлат ва миллат” шунида шуд.

Дар маҷмуъ, ҷомеаи меҳнатии кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ давоми ҳафтаи илм беш аз 26 номгӯ чорабиниҳои гуногунро доир карданд, ки ба таҳкими саводи сиёсии донишҷӯён замина гузошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ