Афкори заҳрогини бадхоҳон ба ҳадаф намерасад!
Чанде пеш дар яке аз минтақаи баландмакони кишвари сарсабзамон бесарусомоние ба вуқуъ пайваставу аз воқеоти солҳои навадум ба мардум хотиррасон намуд. Муаттассифона, авроқи таърих пур аз таззоҳуроту гирдиҳамоӣ беш асту яке бо хубӣ пароканда мешаваду дигаре бо задухӯрд анҷом меёбад. Дар мисоли гирдиҳамоии дар вилояти Бадахшон баргузор гардида, сару садоҳои зиёданду худ ба зудӣ ва оромона пароканда шудани мардум аз он дарак медиҳад, ки издиҳоми ноогоҳро чунон моҳирона истифода бурданд, ки мардум ба зудӣ ҷамъ бишуду баъди тафсилоти андаке тез пароканда гардид. Худ пас аз воқеоти анҷоми қарни бистум ва бо намоиш гузоштани силсилаи филми “Хиёнат”, ки саропо бо факту далел омода гардидаву қаҳрамонҳои асосии филмро ба кулли аъзоёни ҳизби таҳрир бозидаанд, кулли мардум аз мақсади асосии саркардагони ҳизббохабар гардидаву имрӯз низ дар ин гирдиҳамоӣ мақсади нопок ва иғвоангезандагони наҳзатиён ба пуррагӣ ошкор гардид. Яъне сенарияи воқеаҳои солҳои навадуми асри бистум, гирдиҳамоии соли 2012 ва имсола ҳама якранга буданашонро инъикос кардаанд. Як сарчашма ва як муаллиф доранд. Бо ин роҳ онҳо мехоҳанд, дар байни мардум нооромӣ ва нобоварӣ ба органи идоракунандаро ворид намуда, табаддулотеро рӯи кор оварда бошанд.
Ҳодисоте, ки солҳои охир дар миқёси ҷаҳон ба вуқуъ мепайванданд, моро ҳушдор месозанд, ки ба муаммои поксозии ҷомеа аз унсурҳои ҷиноятпеша, муборизаи беамон бо ҷинояткории муташаккил, пешгирӣ кардани содиршавии ҷинояту бетартибиҳо аз ҳарвақта бештар аҳамият диҳем. Гирдиҳамоии Бадахшон низ аз тарҳи носозгораш аён аст, ки гуруҳи ҷиноятпеша мехоҳанд, ба оромиву осудагии мардум халале эҷод намоянду баҳри ҷорӣ намудани амалҳои нопокӣ худ байни мардум иғво андохта, бесарусомониро рӯи кор оварда бошанд. Вале хушбахтона ақли солим ғалаба кардаву мардум баъди оне, ки аз асли воқеа шинос гардидан пароканда гардиданду боз дубора боварӣ ҳосил намуданд, ки бозичаву фирефтаи иғвогарон гардиданд. Вале дар ин ду рӯзи гирдиҳамоӣ чи қадар хисороте бар вилоят расонидаашон, ақли солимро боз ба таҳаллука меоварад, ки бо ин қадар такопӯ макони обод тез вайрон мегардаду хавфи нофаҳмиву низоъ чуқур нарафта, бо тезӣ роҳи ҳалли муаммо дарёфт бигардад.
Мушоҳида мегардад, ин табақаи бонуфузиҷомеа, ҳазорон нафар кормандони муассисаҳои таълимӣ, яъне аҳли зиё, падару модарон ва шахсиятҳои обрӯманд дар решакан кардани ҷинояткорӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, хештаншиносӣ, дар ҳақиқат дӯст доштани Ватан, дастгирии падару модар, пешгирӣ кардани фарзандон, хешу табору пайвандон ва ҳамдеҳагони худ аз алоқамандӣ бо муомилоти ғайриқонуниву истеъмоли маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, қонуншиканӣ, бетартибӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ як навъ мавқеи бетарафиро ишғол намудаанд.
Бадахшон порае аз хоки муқаддаси Тоҷикистони азиз аст. Мо бояд ҳеҷгоҳ фирефтаи афкори заҳрогини бадхоҳони миллат нагардем ва ҳама якдилу яуҷон барои сулҳу ваҳдат ва ободию пешрафти ватани азизамон ҷаҳду талош намоем.
Шарифзода М.