Афғонистон дар масири таърих

Афғонистон мамлакати сермиллат аст. Дар он беш аз 20 миллату халқият зиндагӣ доранд. Ҳайати аҳолии Афғонистон дақиқан омӯхта нашудааст, вале мутобиқи маълумоти омории соли 2017 аҳолии Афғонистон 35 — млн нафарро ташкил дода, аз ҷумла 2 млн кӯчиҳо. Дар ҳайати он тоҷикон 44 %, паштун 37 %, ҳазораҳо 8 %, ӯзбекҳо 6 %, туркманҳо 2,0 % ва боқӣ, балуҷ, қирғиз, чордеҳҳо, лӯлӣ ва дигарон халқиятҳои хурд дохиланд. Афзоиши миёнаи солонаи аҳолӣ 2,6 % буда, зичии миёна дар 1 км² 38 нафар мебошад; дарозумрӣ ба ҳисоби миёна 44,6 сол (мардҳо 44,2 ва занҳо 47,8). Зичии бештари аҳолӣ дар Ҷалолобод, Ҳирот, Қандаҳор, Балх мушоҳида шуда, ба ҳар як км² то 250—400 нафар рост меояд. Мутобиқи маълумоти расонаҳои итти­лоотӣ, дар давоми 25 соли нобасомониҳо (аз соли 1985 ба баъд) дар Афғонистон бештар аз 2 млн нафар нобуд шуда, қариб 4 млн нафар тарки ватан кардаанд. Тамоми сокинони Афғонистон мусулмонанд (95 % ҳанафӣ ва 5 % шиъа).

Дар Афғонистон бештар аз 30 забон роиҷ аст, ки ба чунин гурӯҳ тақсим мешаванд: Ҳамаи мардуми Афғонистон ба забони тоҷикӣ ҳарф мезанад. Забони дарӣ (забони тоҷикон) (дар минтақаҳои шимол, ғарб ва марказ ва умуман дар тамоми кишвар), паштун (дар ҷануб, шаҳри ва ҷанубу ғарбӣ); балуҷӣ (дар ҷануб) — Ҳилманд, инчунин ҳиндӣ, туркӣ, сомӣ, дравидӣ, муғулӣ, арабӣ, қирғизӣ; забонҳои помирӣ — шуғнонӣ, язгуломӣ, вахӣ, санглечӣ, зебокӣ ва ғайра

Худи афғонҳо дар саҳнаи таърихи ин сарзамин ҳамчун халқу миллият ва давлати аз дигарон фарқ­кунанда дертар пайдо шудаанд, ҳарчанд номи Афғонистон ҳанӯз дар Авесто ба шакли Векерет омадаасту Ҳеродот онро Дрангиана зикр кардааст ва ҷуғрофидонҳои қадим чун Ориёно ёд кардаанд. Аз иртиботи мустақиму мустаҳкам дош­тан бо Ҳинд бутҳои Бомиён гувоҳанд. Ҳамчун ҷой­гоҳи сукунати афғонҳо то ибтидои Афғонистон 19 фақат доманакуҳҳои Сулаймон (ноҳияи дар шарқи сарҳадди имрӯза Афғонис­тону Покистон) бо номи Афғонистон ёд мешуданд. Ҳудуди имрӯ­заи Афғонистон дар тамоми сарчашмаҳо бештар бо номи Хуросон ёд шудааст.

Ташаккули афғонҳо (паштунҳо) ба сифати халқи воҳид ба асрҳои 11-12 рост меояд. Паҳншавии паштунҳо дар Хуросон (Афғонистони имрӯза) дар асрҳои 15-16 оғоз гардид. «Муҳоҷирати бузург»-и афғонҳо ба лашкаркашиҳо ва ҷангҳои хонумонсӯзи Чингизхону Темур (асрҳои 13-14) вобаста аст.

Январи 1965 аз тарафи намояндагони зиёии Афғонистон Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон (ҲХДА) таъсис ёфт ва дар муддати кӯтоҳ ба ду ҷаноҳ — «Халқ» ва «Парчам» тақсим шуд. 17 июли 1973 бар асари табаддулоти мусаллаҳона монархия барҳам дода ва республика эълом дошта шуд; Зоҳиршоҳ аз кишвар берун шуд. Муҳаммад Довуд, ки ҳамзамон вазири дифоъ низ буд, сарвари давлат ва ҳукумат эълон гардид. Вале М. Довуд барои ба эътидол овардани масоили мушкилписанди иқтисодию иҷтимоии кишвар қудрат надошт. Пас аз он ки М. Довуд саркардагони ҲХДА-ро маҳбус кард, афсарони низомии узви ҲХДА 27 апрели 1978 табаддулоти низомӣ карданд, ки дар натиҷа Довуд, хешу ақрабо ва бисёре аз ҳаммаслаконаш ба ҳалокат расиданд. Ба сари давлат Шӯрои инқилобӣ омад ва 30 апр. 1978 Афғонистонро Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ва сарвари ҳизб Нурмуҳаммад Таракиро Раиси шӯрои инқилобӣ эълом дошт. Ислоҳоти густардадомони сотсиалистимаобе, ки иҷборан ҲХДА ба тақлиди таҷрибаи Иттиҳоди Шӯравӣ мехост дар Афғонистон роҳандозӣ кунад, ба мушкилоти сахте мувоҷеҳ шуд. Чунин иқдомот махсусан аз тарафи рӯҳониён хуш пазируфта нашуд. Тад­риҷан дар байни омма норозигиҳо ба вуҷуд омаданд ва ҳукумат ҷавобан нияти ҳал кардани онро бо амали дурушт пеш гирифт. Ин буд, ки шӯришҳои зиддидавлатӣ сар зада, ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфтанд. Ҳукумат қудрат ва чораи ҳалли мушкилоти Афғонистонро наёфта, оқибат ба роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ барои мадади низомӣ муроҷиат кард. Таракӣ сентябри 1979 аз тарафи ҳаммаслаки наздикаш — Ҳафизуллоҳ Амин ба қатл расид. Амин ҷазодиҳии мухолифонро боз ҳам шадидтар кард. Аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии Амин роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ норозӣ буд. Ба хоки Афғонистон лашкари шӯравӣ (ба ном қувваҳои маҳдуди низомӣ) ворид гардид ва 27 декабри 1979 Амин ба қатл расида, ҳукуматаш аз байн рафт. Ба сари қудрат Бабрак Кормал омад ва тадриҷан ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷанги зидди Артиши Шӯравӣ табдил ёфта, онро мухолифини давлати шӯравӣ дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун андешаи умумибашарӣ савқ доданд. Вуруди Иттиҳоди Шӯравиро ба Афғонистон ҳатто СММ маҳкум намуд. Гурӯҳҳои зид­дишӯравӣ, ки худро «муҷоҳидин» қаламдод карда буданд, аз Арабистони Саудӣ ва дигарон мамолики араб, Покистон, ИМА, Хитой ва Эрон ҳар навъ мадад мегирифтанд. Ҳатто баъзе ҷузъу томҳои артиш ба тарафи онҳо мегузаштанд; бисёр афсарҳои артиш бо онҳо иртиботи махфӣ доштанд. Артиши Шӯравӣ ин нооромиҳои дохилӣ ва мудохилаҳои хориҷиёнро ба эътидол оварда натавонист. Ҳарчанд Бабрак Кормалро доктор Муҳаммад Наҷибуллоҳ (майи 1986) иваз карда бошад ҳам, вале мушкилоти ҳалношуда боқӣ монданд ва роҳбарияти нави Иттиҳоди Шӯравӣ мувофиқи созишномаи Женева тасмим гирифт, ки Артиши Шӯравиро аз Афғонистон хориҷ созад (оғоз 15 майи 1986, анҷом 15 феврали 1989). Ҳамзамон пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ (1991) тамоми анвои кумакҳо барои Афғонистон қатъ карда шуданд. Соли 1992 ҲХДА ҳам аз байн рафт. Аз ин ба баъд ҳазорон аъзои ҲХДА мамлакат­ро тарк намуданд ва апрели 1992 Ҳукумати интиқолии муҷоҳиддини мамлакат унвони Давлати Исломии Афғонистонро гирифт. Вале Ҳукумати интиқолии муҷоҳиддин, ки дар Пешовар ташкил шуда буд, ҳокимиятро ба даст гирифт, ҷанги шаҳрвандӣ ҳамоно давом мекард; тадриҷан миёнаи солҳои 90-ум, ҳамчун мухолифи ашаддии ҳукумати мавҷуда, ташкилоти бунёдгароии мусулмонӣ — «Толибон» арзи вуҷуд кард. То соли 1996 Толибон, ки дар ихтиёри худ сарбози бисёр ва аслиҳаи фаровон доштанд, қисмати бештари Афғонистонро (ба шу­мули Кобул) тасарруф намуданд. Бо ишғоли Кобул Толибон Наҷибуллоҳро, ки дар бинои СММ паноҳ ёфта буд, ба қатл расонданд. Аз ин ҳудуд танҳо баъзе вилҳои шим. Афғонистон истисно гардида, дар он ҷо қувваҳои давлати собиқа ҷамъ омада буданд (Эътилофи Шимолӣ). Дар мамлакат тартиботи сахту иртиҷоии мутаассибона ҷорӣ гардид: тамоми ашёву маънавиёти марбут ба зиндагии навин ва дунявӣ аз байн бурда мешуданд; ҳатто ёдгори нодиртарини олам-маҷмааи будоии Бомиён ваҳшиёна тарконда шуд. 9 сентябри 2001 фармондеҳи аршади низомӣ, вазири дифои Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ба рамзи қаҳрамонӣ ва шуҷоату ватандӯстӣ табдил гардида, ба муттаҳид намудани нерӯҳои муқовимат камар баста буд, аз тарафи ду террористи араб, ки дар либоси хабарнигор ба Афғонистон омада буданд, ба шаҳодат расид.

11 сентябри 2001 дар ИМА фурӯшгоҳи бузурги Манхеттен тарконда шуд ва бо истифода аз ин ҳодиса ИМА, муттаҳидини онҳо ва Эътилофи Шимолӣ муқобили «Толибон» амалиёти шаддиди ҳарбӣ шурӯъ карда, асоситарин нерӯҳои онҳоро нобуд сохтанд. Охири соли 2001 сарварони гурӯҳҳои мухолифин ва ақвому қабоил дар Бонн (Олмон) гирд омада, масъалаи сохтори нави давлатдории Афғонистонро матраҳ карданд ва раиси Давлати Исломии Интиқолии Афғонистон Ҳомид Карзай 22 2001 интихоб шуд. Моҳи июни соли 2002 дар Луи Ҷирга интихоби раиси Ҳукумати муваққатӣ сурат гирифт ва Ҳ. Карзай ба ин мақом интихоб шуд. Ваколати Карзайро июни 2002 Луи Ҷирга тасдиқ кард. 4 январи 2004 Конститутсияи нави Афғонистон қабул шуд. Худи ҳамин сол интихоботи парламенти дупалатагӣ доир гардид. Октябри 2004 дар интихоботи президентӣ Карзай Сарвари давлат интихоб гардид. Ба ҳамин тартиб дар интихоботи соли 2010 низ Ҳомид Карзай ғолиб омада, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интихоб шуд.[[Акс:Afghan President Ashraf Ghani December 2014 Райиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай|thumb|315x315px|Райиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай Савумин интихоботи Афғонистон дар 5 апрели соли 2014, ки ба даври дувум кашида шуд, аҷобатҳои зиёде дошт. Нахуст ин ки бар асоси иродаи нухбагони қудрат (на иродаи мардум) бидуни ин ки касе дар даври дувум барандаи интихобот эълом шавад ба ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ пардохта шуд. Албатта дар ибтидо мехостанд, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ (он замон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай)-ро баранда эълом кунанд. Аммо пойфишорӣ ва бархӯрдҳои ғайри қобили интизори тарафдорони тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ, аз ҳамсангарони Аҳмадшоҳ Масъуд ва чеҳраҳои таъсиргузори тоҷикон дар Афғонистони имрӯз сабаб шуданд, баҳси ҷудо кардани орои поку нопок ба миён биёяд.

Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар эълон кард. Аҳмадюсуфи Нуристонӣ, раҳбари ин ниҳод бидуни ифшои натиҷаи овоздиҳии даври дувум гуфт, натиҷаро дар ихтиёри ҳарду номзад — доктор Абдуллоҳ ва Аҳмадзай гузоштааст. Доктор Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 21 сентябр дар Арг ё Кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон зери тавофуқномаи ташкили давлати ваҳдати миллӣ имзо гузоштанд. Бар асоси ин санад, ки иборат аз чор саҳифа аст, оқои Аҳмадзай ба унвони райиси ҷумҳур эълон шуда, доктор Абдуллоҳ симмати раёсати иҷроиро дар ихтиёр хоҳад дошт. Ин тавофуқнома сиёсӣ аз ҳафт бахш иборат буда бар асоси бахши дувуми тавофуқнома, райиси ҷумҳур раёсати кобинаро бар уҳда хоҳад дошт. Тибқи таърифи ин санад, кобина аз райиси ҷумҳур, муовинони ӯ, садри аъзами иҷроӣ, муовинони садри аъзами иҷроӣ, мушовири аршади райиси ҷумҳур ва вазирон иборат аст. Ин бахш аз тавофуқнома, раёсати шӯрои вазиронро ба уҳдаи райиси иҷроӣ гузоштааст. Шӯрои вазирон шомили вазирон ва мутамоиз аз кабина аст. Раиси иҷроӣ маҷолиси фаръии кобинаро ба уҳда хоҳад дошт.

Аз ин тавофуқи сиёсӣ бисёре аз чеҳраҳои саршиноси Афғонистон, бо шумули Ато Муҳаммади Нур, волии Балх ва аз пуштибонҳои аслии Абдуллоҳ Абдуллоҳ истиқбол кардаанд. Намояндаҳои бархе кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳам аз ин тавофуқ изҳори хушнудӣ карданд. Ҳомид Карзай, райиси ҷумҳури феълии Афғонистон зимни суханронӣ дар расми имзои тавофуқнома гуфт, «Худованд ба шумо, ҳар ду бародар, комёбӣ насиб кунад, саодат насиб кунад, то шумо шабу рӯз дар хидмати миллати Афғонистон бошед ва корҳое, ки аз мо нашуд ва боқӣ монд, онҳоро шумо анҷом бидиҳед ва такмил кунед то мо орому хушҳол зиндагии худро пеш бибарем». Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ қабул кард, то вазифаи раёсати ҷумҳуриро Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва вазифаи раёсати иҷроӣ (сарвазирӣ)-ро худи ӯ соҳиб шаванд. Дар ҳамин ҳол бархе ҷонибдорони доктор Абдуллоҳ иддао доштанд ӯ мисли интихоботи гузаштаи раёсатҷумҳурӣ бар ивази дарёфти маблағ ба ин тавофуқ розӣ шудааст.

Доктор Абдуллоҳ дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки 5 апрел баргузор шуд 45 дар сад ва рақиби ӯ Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 31 дар сади раъйи интихобкунандаҳоро соҳиб шуданд. Аммо Комиссияи мустақили интихоботии давлати исломӣ гуфт, дар даври дувум, ки моҳи июн сурат гирифт, Аҳмадзай бо касби 56 дар сади овозҳо баранда шудааст. Ба дунбол тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ комиссияи интихоботро дар тақаллуб муттаҳам кард. Бо ташаннуҷи авзоъ, Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон барои бозшумории раъйи мардум бо ширкати нозирони байналмилалӣ розӣ шуд.

Маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури нави Афғонистон 29 сентябр баргузор шуда, дар он Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба унвони раиси ҷумҳури нав ва доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳамчун раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон қасам ёд намуданд.

Абдуллоҳ аз ёрони наздики Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Ӯ дар даврони набард бо Толибон, ба унвони сухангӯи ҷабҳаи Масъуд ва пули иртиботи онон бо ҷаҳон шинохта мешуд. Абдуллоҳ байни солҳои 2001 то 2006 дар давлати Ҳомид Карзай, вазири умури хориҷаи Афғонистон буд.

Дар замони интихоботи райиси ҷумҳур рӯзи 19 феврали соли 2014 Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз сӯи афроди номаълум зери ҳамлаи мусаллаҳона қарор ҳам гирифта буд, аммо хушбахтона як афсари пулис дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи номаълум маҷрӯҳ шуда, ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ осебе нарасида буд.

Доктор Абдуллоҳ дар гузашта дар қатори фармондеҳони Эътилофи Шимол, ки дар саргаҳи он тоҷикони Афғонистон қарор доштанд, борҳо ба Тоҷикистон сафар кардааст. Нахустин сафари расмии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба унвони раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон ба Тоҷикистон дар ҳошияи «Ҳамоиши байналмилалии об барои ҳаёт» рӯзҳои 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, сурат гирифт.

15 августи соли 2021, нерӯҳои Толибон пас аз вуруди нерӯҳои НАТО таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Афғонистон пас аз бист соли муборизаи мусаллаҳона бо раҳбарият ва сарбозони Афғонистону нерӯҳои НАТО, дар натиҷаи ҳамлаи босуръат дар саросари кишвар ва забти Кобул, тамоми музофотҳои Афғонистонро ба тасарруфи хеш дароварданд. Бар асоси Созишномаи Доха хуруҷи нерӯҳои НАТО ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Афғонистон сар шуд. Ҷангҷӯёни «Толибон», тибқи иттилои шабакаи телевизионии Al Arabiya, рӯзи якшанбе бидуни ҷанг вориди Кобул шуда, ба ишғоли идорҳои давлатӣ, ки неруҳои ҳукуматӣ тарк кардаанд, шурӯъ намуданд. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 15 август ба истеъфо баромад ва кишварро тарк намуд.[1] Дар кишвар Шӯрои ҳамоҳангии интиқоли мусолиматомез дар Афғонистон ташкил шудааст. Бино ба ин изҳороти Ҳомид Карзай, дар раъси ин шӯро, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, Гулбиддин Ҳикматёр, раиси ҳизби исломии Афғонистон қарор доранд.

Дар Афғонистон 16 августи соли 2021, аввалин муқовимати созмонёфта алайҳи Толибон эътилофи мустақар Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон дар Панҷшер ба вуҷуд омад[3][4] Гуфтушунидҳои раҳбарияти Толибон бо раҳбарияти Ҷабҳаи муқовамати миллӣ, бе натиҷа анҷомиданд. Задухурдҳои тарафҳои даргир якчанд рӯз давом карданд. Субҳи 6 сентябри соли 2021 сухангӯйи гуруҳи Толибон, Забеҳулло Муҷоҳид, гуфт, ки Панҷшер зери назорати комили толибон аст. Вай иддао кард, ки Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳурӣ дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва узви Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ба Тоҷикистон фирор кардааст, аммо ин хабар то ҳол аз манобеи дувум тасдиқ нашудааст. Расонаҳои ҳиндӣ рӯзи 6 сентябри соли 2021 гузориш доданд, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Покистон дар ҷараёни ҳамлаи нерӯҳои Толибон ба мавзеъҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳамла кардаанд. Ҳукумати Покистон то ба ҳол дар робита ба ин хабарҳо посух надодааст, аммо чанд рӯз боз генерал Файз Ҳамид, раиси Созмони истихбороти Покистон ё ISI дар Кобул ба сар мебарад. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ иддаои ишғол шудани Панҷшерро аз тарафи Толибон намепазирад. Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳа, 6 сентябри соли 2021 дар паёме гуфт, ки ба мубориза идома медиҳанд ва мардумро ба “қиёми умумӣ” даъват кард.

Гуруҳи "Толибон" баъди беш аз се ҳафтаи ишғоли Кобул (15 августи соли 2021) ҳайати ҳукумати навро дар Афғонистон эълон кард. Аксарият намояндагони гуруҳи тундрав буда, ба камияш ду нафари онҳо дар рӯйхати террористон ҳастанд. Ба ҳайати ҳукумати нав занон шомил намешаванд. Пештар кишварҳои ҷаҳон хоҳони ташкили ҳукумати ҳамашул буданд. Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд ҳайати ҳукумати навро дар Афғонистон "ғайриқонунӣ ва намунаи боризи душмании ин гуруҳ бо мардуми Афғонистон донист". Чанде аз сиёсатамадорони афғон низ дар эъломияҳои ҷудогона рафтори "Толибон"-ро танқид карданд. Гуруҳи "Толибон" рӯзи 7 сентябри соли 2021 Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзодаро раҳбари олӣ ва Мулло Муҳаммад Ҳасан Охундро раиси ҳукумати нави Афғонистон эълон кард. Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзода 55-сола (раҳбари ҳозираи "Толибон") ва Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд 60-сола (вазири собиқи корҳои хориҷӣ дар ҳокимияти қаблии "Толибон") аст. Абдулғанӣ Бародар (соли 2018 бо дархости Амрико аз боздоштгоҳи Покистон озод шуд) – муовини аввал ва Абдусалом Ҳанафӣ – муовини дувуми раиси ҳукумат, Муҳаммад Яъқуб (писари Мулло Умар, раҳбари пешини “Толибон”) – вазири дифоъ, Сироҷиддин Ҳаққонӣ (писари Ҷалолиддин Ҳаққонӣ, раиси "Шабакаи Ҳаққонӣ", созмони террористӣ дар Амрико) – вазири дохилӣ ва Амирхон Муттақӣ – вазири корҳои хориҷӣ таъин шудаанд.

Устодони кафедраи таърихи Ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ