Аёдати донишҷӯён

Дастгириву аёдати шахсони имконияташон маҳдуд ва ғамхорӣ нисбати онҳо аз ҷумлаи муҳимтарин рукни сиёсати инсонпарваронаиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

Дар робита ба ин бо ташаббуси садорати факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ бахшида ба рӯзи байналмилалии маъюбон як қатор донишҷӯён аёдат карда шуда, ба онҳо кумакҳои пуливу молӣ расонида шуд.

Зимнан донишҷӯён аз таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосмандӣ намуда, афзуданд, ки онҳо эҳсоси танҳоӣ намекашанд.

Иттилоъдода шуд, ки чунин тадбир дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромада, дар оянда низ амалҳои хайр ва ташаббусҳои инсонгароёнаба таври доимӣ, дар айёми ҷашну идҳои миллӣ идома хоҳад ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ