​Аҳдшикании навбатии қирғизҳо

Дар чанд соли охир байни Тоҷикистону Қирғизистон низоъҳои наздисарҳадӣ зиёд рух дода истодааст. Хабари ҳамлаи аҳдшиканонаи ҷониби Қирғизистон ба деҳаҳои наздисарҳадии ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров боз як бори дигар исбот кард, ки тақдир ба мо ҳамсояҳои аҳдшиканро насиб кардааст.

Ҷониби Тоҷикистон доимо ҷонибдори сулҳу дӯстӣ дар минтақа мебошад. Аз ин хотир, ҳаргиз миллати мо ҷангҷӯ ва моҷаропарвар набуд. Ҳатто мақомоти расмии Тоҷикистон аз ҷумҳуризои Озарбойҷон ва Арманистон хоҳиш карда буд, ки низоъ бо роҳи гуфтушунид ва мусолиҳа хотима дода шавад.

Санаи 16 сентябри соли ҷорӣ ҷониби Қирғизистон аҳдшиканона ба деҳаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо силоҳҳои вазнини оташфишон ҳуҷумкарданд. Дар натиҷа қурбоншудагон аз ҳарду ҷониб ҷой доранд.

Вақте ки ҳамла аз ҷониби ҷангиёни қирғиз оғоз гашт, муқарраран сарҳадбонони тоҷик ба он посух мегардонанд. Истифода гаштани силоҳҳои вазнини ҷангӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамсоякишвар ва сохторҳои марбутаи он барои ҷанг пешакӣ омодагӣ дидааст ва махсусан ҳуҷумро оғоз кардааст.

Ин амалиёти ҷангиро қирғизҳо сар карданд ва ба онҳо ҷавоби сазовор дода мешавад. Ватани худро ҳифз хоҳем кард!

Саттор Раҳимов – ҷомеашинос, устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ