Аҳдшикани аз мо нест!
Мувофиқи ахбороти Раëсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафовуқоте, ки тибқи Протоколи рақами 42 санаи 26 уми сентябр иҷро шуда буд аз ҷониби Қирғизистон қарордодро вайрон сохтан мехоҳад. Ва кӯшиши дубора барангехтани иғвоангезиву аҳдшиканӣ дар минтақаҳои наздисарҳадиро дорад.
Баъзе аз шаҳрвандони алоҳидаи иғвогари Қирғиз амалҳои ноҷавонмардонаи худро барои ноором сохтани вазъ дар сарҳад ба роҳ мондаанд. Аз ҷониби онҳо сохтани пинҳонгоҳҳои оташфишонӣ, кандани ҳандақҳо, овардани техникаи вазнини ҳарбӣ ба наздикиҳои сарҳади Тоҷикистон, парвози воситаҳои техникии бесарнишин дар назди сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Лозим ба ёдоварист, ки таи чандсолаҳои охир ҳамсояҳои "хеле дусту бародар"-и мо- киргизҳо ҳамасола дасисаҳо ва бозиҳои сиёсии худро торафт ба марзҳои мо мекашанд, ки оқибаташ на танҳо ба ҳаёти ин ду халқ, махсусан барои аҳолии ин ду давлат, балки барои хамаи халқҳои маскуни Осиёи Миёна хеле гарон мегардад.
Масъалаи низои марзї як мушкилоти замонї њаст, ки зери таъсири омилњои мухталиф метавонад аз нав сар занад. Воқеоти даҳсолаи охир нишон медиҳад, ки киргизҳо ҳеч гох аз ниятхои нопоки хеш, ки иборат аз ғасби замину оби ҳамсоягон аст, даст кашидани нестанд...
Мо набояд ба умеди созишномањо ва ваъдањои дипломатии љониби Ќирѓизистон гардем, зеро аксаран чунин ба назар мерасад, ки дипломатияи онњо танњо фурсатталабї барои омодагии навбатї ба низоъ аст. Албатта, мо умедвор ба он њастем, ки низоъ бо роњи дипломатї њал мегардад, вале ба њар сурат мо набояд эњтимолиятњои дигарро инкор намоем. Зеро аз љониби низомиëни қирғиз барои амалӣ намудани нақшаҳои пинҳонкоронаи худ тез-тез машқои низомӣ гузаронида истодаанд. Аз ҳамон лаҳзае, ки қарордод имзо намуданд то инҷониб чандин ҳолатҳои ташвишовари онҳо аз ҷумла найрангбозиву нақшаҳои иғвоангезонаашон дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба қайд гирифта шудааст. Ќирѓизистон ба пуррагї барои низои оянда фаъолияти иктишофї гузаронид ва худро омода сохта истодааст.
Мардуми шарифи тоҷик ҷанги беадолатонаву таҷовузкорона ва ғоратгаронаро қабул ва таҳаммул надорад, аммо ҷангеро, ки барои ҳифзи Меҳан ва марзу буму миллату давлат, зану фарзанду пайвандони худ анҷом дода мешавад, ҷанги муқаддас медонад ва дар ин росто кушта шуданро камоли шарофатмандӣ мешуморад. Мо бояд ин амалҳои ноҷавонмардонаи Қирғизро, ки пайваста барои ноором сохтани вазъи сарҳад нигаронида шудаанд ба инобат гирифта ҳушëриву зиракиро аз даст надиҳем.
Малика Томирис – омӯзгор, таҳлилгар