Аҳдшиканӣ аз беинтизомист!
Шаҳодати нерӯи тавонои Артиши миллӣ устувории низом, рӯҳияи қавӣ, иҷрои бечунучарои фармонҳо ва амсоли онҳо мебошад. Агар, чунин сифат мавҷуд набошанду риоя нагарданд, чунин артиш тӯдаи ҳангоматалабони мусаллаҳро мемонад. Воқеияти ҳолро дар ҳаракати сарҳадбонони қирғиз мебинем, ки бори дигар ноҷавонмардона бо аҳдшиканӣ ба сӯи марзбонони тоҷик дар наздикии деҳаи Ворухи шаҳри Исфара тиркушоӣ намуданд. Ин ҳодиса бори дигар собит месозад, ки дар артиши ҳамсоя майлу хоҳиш ва кайфияти кадоме як сардорча болотар аз Низомномаю Созишномаҳо меистад, ки далолату ишора ба набудани интизоми қатъӣ аст. Агар пайваста артиш ба иғвою дасисаҳо побанд гардад, ин чӣ ҳоли табоҳест? Наход, қадри Созишномаҳои байнидавлатӣ надонанд? Ё худ метавон хулоса кард, ки ҳамаи гуфтушунидҳо ниқобпӯшӣ асту тарафдори сулҳу субот нестанд?
Муноқишаҳои байнисарҳадӣ таърихи тӯлонӣ пайдо кардаанду мутаасифона чанде аз мардуми бегуноҳ ҳалоку захмин шудаанд. Насазад ҷони нафаре бо қитъаи замине бадал карду баробар донист?! Вале, ҷониби муқобилро дарди ҳирси қитъаи замини ҳамсоя гирифтааст, ки қарор намеёбад. Ба фитнаю иғвоангезии тӯдаи муғризон ғӯтидаасту вартаи халосӣ наёфтааст?! Охир, ин чӣ беинтизомӣ дар ниҳоди қудратӣ аст, ки имзои президенти худ як сӯ гузораду бо майли худ тиркушоӣ кунад! Афсӯс, ки на қавлу лафзи мардӣ доранду на майли хоҳиши иҷрои Созишномаҳои имзогашта! Пас, чӣ ҳоҷат ба гуфтушунидҳо?
Аммо, роҳбарияти олии кишварамон, ки ба интизоми қатъии устуворонаи низомиёни худ эътимоди қавӣ доранд, сабру таҳаммул ихтиёр кардаанд. Вагарна, аз нокасони иғвогар пок сохтани марзи сарзамини аҷдодӣ мувофиқи қудрати низомиёнашон аст. Чӣ бояд кард? Ҳоҷати боварӣ ба қирғизтаборон намондааст, ки ноҷавонмардиро хотима мебахшанд. Аз мардуми маҳал ва ҳам низомиёни марзбон хоҳишу илтиҷо менамоям, ки ба дасисабозиҳои ҷониби муқобил дода нашаванд. Дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакатро қотеъона риоя ва иҷро намоянд. Итминони қавӣ дорам, ки дар ҳаллу фасли қазияи мазкур роҳбаронамон роҳи муваффақонаи мусолаҳа меёбанд ва ин рӯзҳои нооромӣ паси сар хоҳанд шуд. Танҳо интизоми қатъиро риоя карду шабеҳи беинтизомиҳои дигарон нагардем.
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”