Адолат ғалаба мекунад
Мардуми тоҷик таърихи қадимаи ҳазорсола дорад ва бо урфу одати ниёгони худ ифтихор дораду машҳури ҷаҳон гаштааст. Мутаъсифона нафароне ёфт мешаванд, ки осудагиву оромии моро чашми дидан надорандӣ ва мехоҳанд бо ҳаргуна роҳу воситаҳо моро нороҳат созанд.Вазъи ҳодсаҳои сарҳади, ки чанде пеш рух дода буданд, боиси нигаронии мардуми тоҷик гашта буду хисорот зиёдеро оварда буд. Мардуми қирғиз бо даъвои гирифтани замини аҷдодиамон, ки ба мо меърос мондааст ҳамла ба сарҳади мо карданду ҷони чандин нафарони бегуноҳро бурданд. Ин амали онҳо даҳшатовар буда берун аз қолабҳои одамгарист. Мо мардуми сулҳхоҳ ҳастем на ҷангхоҳ. Вобаста ба ҳалли низоъҳои сарҳади садҳо маротиба гуфтушунидҳо ва шартномаҳои дуҷониба баста шуданд. Хусусан сарфи назар аз созишномахое, ки дар Протоколи № 42 аз 25 сентябри соли 2022 баста шуда буданд, шаби 4 ва 5 октябр аз тарафи чапи маркази обтаъминкунии Сарбанд (Сарбанд) аз ҷониби Қирғизистон барои ҷойгир кардани мошинҳои зиреҳпӯши низомӣ ва миномётҳо то 6 метр ва бараш то 20 метр паноҳгоҳҳо сохта шуданду дар он ҷо аслиҳаҳояшонро ҷойгир карданд. Инчунин санаи 7 октябр дар мавзеи Сиёхкух ва Дусангаи дехаи Чоркухи Исфара хандакхои навкофтаи низомиёни қиргиз ба кайд гирифта шуд.
Рӯзи 7-уми октябр таҳти роҳбарии масъулини ноҳияи Оқ-Сайи вилояти Бодканд 15 нафар низомиёни воҳидҳои махсуси Ҷумҳурии Қирғизистон бо як мошини боркаши Камаз, ки худсарона посгоҳи сарҳадӣ таъсис додаанд, омаданд.
Ҳамчунин рӯзи 11-уми октябр дар ҳудуди минтақаи амниятии дидбонгоҳи 9-уми сарҳадии «Санҷидзор» ва обтаъминкунии «Хоҷабақирғон-2»-и қисми низомии 0214-и ҶДММ ҶТ дар вилояти Суғд якчанд вагонҳо ба сарбозони харбӣ ҷойгир карда шуданд. Ҳамаи ин амалҳо баъди оне, ки созишнома баста шуданд. Бояд қайд кард, ки мардуми қирғиз сулҳхоҳ нест ва ҷонибдори оромиҳам нест. Онҳо шартномаро вайрон карда истодаанд ва бо ин амалҳояшон нияти ҳуҷум ба кишвари мо доранд, ки ин ғайриқонунӣ буда, бо ин амалҳояшон онҳо ба ҷавобгари кашида мешаванд. Аҷибаш он, ки мардуми қирғиз ҳатто ба ҳукумати кишвари худ ҳам итоат намекунад ва эътирофҳам намекунад. Аслан мардуми қирғиз аз давраҳои пеш мардуми бодиянишин мебошанд ва дар натиҷаи ҷангу ҷидол сарзамини худро васеъ кардааст. Боз мехоҳад бо ин усул замини моро, ки ба хотири ҳамсоягӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун барои чарогоҳ ба онҳо амонат дода шуда буд азони худ кунанд. Мо ҳаргиз ба ин роҳ намедиҳем ва нахоҳем дод. Ин ҷо сарзамини аҷдодии мост на азони онҳост. Мардуме, ки аз таърихи худ бохабар нест ва сарнавишти худро аз воқеаҳои дурӯғин сохтааст мо эътироф намекунем. Мо ҷонибдори ҳақ ҳастем ва албатта ба муроди худ мерасем. Мо истиқлолияти кишварамонро ҳифз менамоем, Ваҳдати миллиамонро тақвият мебахшем ва дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид ҳастему хоҳем буд, зеро масъули ояндаи дурахшони кишварамон ҳастем.
Биоишаи Назар, устоди ДДХ