Аҳамияти фанҳои дақиқ дар рушди саноатикунонии босуръат

Боташаббуси кафедраи электроника дар факултети физикаю техника бо роҳбарии мудири кафедра, дотсент З.Юсупов чорабинии илмӣ – амалӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” таҳти унвони «Аҳамияти фанҳои дақиқ барои рушди саноатикунонии босуръати кишвар» баргузор гардид.

Декани факултет дотсент Парвиз Пӯлотов ба чорабини ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки илм дар рушд ва пешрафти ҳар як кишвар нақши калидӣ дорад. Гуфта шуд, ки имрӯз технологияи навин ба муҳаррики рушди таърихии ҷомеа табдил ёфта, ба ихтиёри одамон қувваи бузургеро гузоштанд.

Сипас, Маҳмудиён Муинсарвати Муҳаммад - муҳандис – электроник аз ҶДММ “Тибби муосир” собиқ хатмкунандаи факултети физикаю техника дар мавзуи “Амалишавии электроникаи тиббӣ дар истеҳсолот”, дотсенти кафедраи электроника Т.Ашӯрова дар мавзуи “Рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ заминаи пешрафти илму технология” маърӯза намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ намоиши дастовардҳои донишҷӯёни навоварони ихтисосҳои дастгоҳҳои электронӣ, МЭҲ, физика-математика ва физика-информатика О.Шаҳобидинов, Ҳ.Турсунов, Р.Раҷабов, Ҷ.Ҷурақулов ва А.Ҳайдаров пешниҳод ва муаррифӣ гардид.

Дар интиҳо маърӯзачиён ва иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ бо ифтихорномаҳои садорати факултет тақдиронида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ