Ҳаштегҳои бефоида…
Дар чанд рўзи охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ донишҷўёни Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳаштегҳо бо шиори «озодии донишҷўёни тоҷик» суханронӣ мекунанд. Маълум аст, ки бо ҳарорат суханҳо навиштаанд ва аксарияти муаллифони чунин гуфтор аз воқеияти ҳол хабар надоранд. Дар аксари ин гуна баромадҳо ҳис мегардад, ки дар пасманзари он расми Сайид Абдуллоҳ Нурӣ ва дигар намояндагони мухолифин гузошта шудааст, ки ин худ гувоҳи он аст, ки чунин иқдомро донишҷўёни иртиҷоӣ ва ё худ моил ба ҳизби наҳзати Тоҷикистон ҳастанд.
Он донишҷўёне, ки суханронӣ кардаанд ва ё фикрашонро дар шабакаҳо навиштаанд, ҳис мешавад, ки аз рўи шунидашон амал кардаанд ва мутаасифона, он шунидаҳояшон чизи воқеӣ нест. Онҳо даъво доранд, ки донишҷўёни хатмкарда ва ё муҳассилини мактабҳои олии Эрон, ки аз Тоҷикистон мебошанд, дар ватанашон ба терроризм гунаҳкор дониста мешаванд.
Ин гуна вокуниш кардани донишҷўёни эронӣ аз надонистани мақсади аслии ҳукумати Тоҷикистон аст. Кишвари мо намехоҳад, ки ҷавонон дар доираи ифротгароии динӣ ба камол расанд ва ё фирефтаи охундҳо ва дигар саркардаҳои мазҳабии Эрон гардад. Аз ин сабаб, беҳтар аст, ки чанд тан боздошт гарданд, беҳтар аз он аст, ки чандин кас ба андешаҳои ифротӣ гирифтор гардад ва манфиати гурўҳеро бо ниқоби ислом пиёда созад.
Дар яке аз хитобаҳои ҷавонони эронӣ омадааст: «Онҳо бародарони динӣ ва ҳамнажоди мо ҳастанд». Яъне на тамоми мардуми Тоҷикистон ва танҳо касоне, ки дар Эрон таҳсил кардаанд, бародару ҳамнажоданд?!
Ин гуна ҳаштегҳо ва даъватҳо як лаҳза ҷўш мезананд ва боз хомўш мегарданд. Дирўз ҳаштегҳои барои озодии донишҷўёни дар Эрон таҳсилкарда буд, имрўз мавзуъ дигар гаштааст.
Пайрав Сулаймонзода - устоди донишгоҳ