Бас аст, нохалафӣ.....
Дини мубини ислом дар такя ба арзишҳои аслии худ, қудрати инсонӣ, ҳуқуқи башар, адолати иҷтимоӣ, озодии фикр, покизагии тан ва рўҳ ва даъват ба сулҳ, дурӣ ҷустан аз хушунат ва таҳаммулгароӣ метавонад ба пешрафти илм ва рушди ҷомеа мусоидат намояд.Дар аҳкоми шариат омўхтаниилму дониш, машғул шудан бакасбу кор ва машғул шудан ба меҳнати ҳалол яке аз фаризаҳои аслӣ ба ҳисоб рафта, бо ибодат кардан баробар мебошад. Аъзоёни собиқ ҳизби наҳзат худро аз донандагони дини мубин медонанду ҳар як баромаду сухани худро бо калимоти Каломи шариф оғоз менамоянд. Агар тамошобин, шунаванда ва хонандагони маводҳои манзур намудаи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ кунҷков бошанду аз диди мантиқ баҳогузорӣ намоянд, то дар ҳар як сухану каломи чи М.Кабирӣ, чи Муҳаммадиқболу дигар ҳаммаслакони онҳо аз мақсаду ҳадафҳои ниҳоии ин тоифа ба хубӣ огоҳ мегарданд. Аз минбари сохтаву пур аз фисқу фасоди худ бонги ватанхоҳиву ватандорӣ менамоянду дар асл ин ҳама фаъолияти онҳо танҳо ба хотири ҳисоботи “обдор”-е ба хоҷагонашон асту халос: “Гӯиё дар ин моҳ ин қадар маводи тарғибкунанда омода сохтему чанд нафарро ба худ ҷалб намудем....”
Ин нохалафиву фаъолияти нопоки онҳо иҷрои идомаи ана ҳамон тарҳи кашидаи хоҷагони хориҷиашон аст, ки фарҷоми солҳои 80-уми асри гузашта кашида шуда буду амалаш хисороту бесару сомониҳоро дар солҳои навадум оварду мардуми кишвар солиёни дароз азият дидаанду ҳазорҳоро аз даст додаанд, ҳазорҳои дигар бесаробон мондаву ҳазорҳо тарки Ватан кардаанд. Дар он замон наврас будему ҳар чи зудтар ором гардидани бесару сомониҳоро орзу менамудем. Шукрона, ки кишвар ба чунин рӯз расиду бо шоҳкориҳои Садри муаззами кишвар имрӯз шукуфон аст.
Вале ин наҳзатиёни наҳс, ки мақсаду нияти нопок доранд бо амалҳои нопоки худ мехоҳанд ба ин кишвар халале ворид созанду боз ба нооромӣ бубаранд. Аз номи кулли ҷавонони меҳанпараст таъкид медорем, ки мо намемонем, ки амалҳои нопоки шумо амалӣ гардад. Ҳар фарди худогоҳу Ватанпараст чун сипар баҳри ҳимояи марзу буми кишвар аз дасти шумо – наҳзатиёни наҳс ҳимоя хоҳем кард!!!
Шарифзода М.