​Шабкӯрӣ даво надорад!

Табиати сайёраи Замин давоми давраҳои тӯлонии таҳаввулот ташаккул ёфтаасту дар он зуҳуротҳои гуногун ба мушоҳида мерасанд, ки на ҳамаи сиру асрори он ба инсон фаҳмост. Чунин вазъро метавон дар пайдоишу паҳншавии бемориҳои гуногуни организмҳои зинда, аз он ҷумла ҷомеаи инсонӣ қайд намуд. Дар қатори номгӯи сершумори бемориҳои башарият метавон мисол овард, ки баъзе аз онҳоро то ҳол илми тиб то ба охир наомӯхтаасту намудҳои муайяни бемориҳои мавҷуда муолиҷашаванда мебошанд. Масалан, кӯррударо бо амалиёти ҷарроҳӣ метавон бурид, организми инсонро ба ҳолати мӯътадили фаъолият бозгардонидан мумкин аст. Амсоли ин бемориҳои гуногунро табибон даво карда метавонанд. Аммо, бархе аз бемориҳо то ҳанӯз бедаво ҳисобида мешаванд, ки шабкӯрӣ амсоли онҳост.

Нафари гирифтори бемории шабкӯрӣ дар вақти шабона гарчӣ муҳит чароғон бошад ҳам, наметавонад ҳама чизро равшан бинад ва танҳо силуэти онро мебинаду халос. Табибон ин бемориро хуб донанд ҳам, то ҳол роҳи давои онро наёфтаанд. Шабкӯрон рӯзона дар байни мардум озодона мегарданду касе аз ин бемории ӯ пай намебарад. Танҳо шабона ин бемории ӯ ба ҳамагон маълум мешавад ва аз ин рӯ баъзе рафтори шабкӯрро ҳатто тамсхур намезананд, ки одати бемории ӯст. Вале, аксарияти фарди роҳгумзадаро бо шабкӯр шабеҳ медонанд, ки ҳақиқати маҳз аст.

Зеро, танҳо шабкӯр чизи аниқу дақиқро дарк карда наметавонад. Чунин хислатҳои хоси шабкӯриро метавон дар рафтору гуфтори Муҳиддин Кабириву ҳаммаслакони нопоки ӯ мушоҳида кард. Чун онон, ки бо хиёнату ватанфурӯшӣ радди маъракаи Ватан шуда дар хориҷи кишвар бо дастгирии хоҷагони аҷнабӣ зиндагӣ доранд, пайваста ба сӯи хоки аҷдодиашон сангу луқмапартоии носазо мепартоанд. Аз зери нохун чирк кофтанӣ шуда ба ҳар қадами роҳбарияти олии кишвари соҳибистиқлоламон хӯрдагарӣ менамоянд ва худро валӣ тарошида бо пешгӯию мардумфиребӣ машғуланд.

Ҳамчун фарди шабкӯр дастовардҳои назарраси кишварро дар ҳамаи ҷабҳаҳо нодида мегиранду “бинӣ”-и беҳиси худро дар ҳар ҷое мехаланд. Вагарна, чӣ марбуте дошт Муҳиддин Кабирӣ бо Иззат Амону қазияи Ворух, ки ҷонибдорӣ мекунад?! Мақсад танҳо нопокию палидӣ асту алам дар он, ки шабкӯранду наметавонанд чормағзи пуч аз мағздораш фарқ карда тавонанд.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ