​Изҳорот: ТЭТ ҲНИ барангезандаи ифротгароӣ дар Тоҷикистон

Ба ҳамагон маълум аст, ки таърихи ҷомеаи инсонӣ борҳо собит намудааст, ки маҳз дар давраи гузариш аз як тарз ба тарзи дигари муносибатҳои истеҳсолӣ, ки он дар заминаи куллан тағйир ёфтани шакли моликият сурат мегирад, зуҳуроти номатлуб, аз қабили тундгароӣ,ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар рӯйи кор меоянд.

Зуҳуроти номатлуб, махсусан дар сароғоз ва марҳалаи ибтидоии гузариши ҷомеаи Тоҷикистони навин бештар зуҳур карданд. Чаро? Ба андешаи мо, иқтисоди бар асари азбайнравии ҳамгироии иқтисодӣ варшикаставу заифгардидаи ҷумҳурӣ бо садҳо корхонаву муассисаҳои бекорхобидаи худ тавлидкунандаи ҳазорон – ҳазор нафарбекорони соҳибихтисос дар бозори меҳнати ҷумҳурӣ гардид ва ин ҳолат дар навбати худ сатҳи зиндагии аксари табақаҳои ҷомеаро ба таври назаррас коҳиш дод. Эътимоду боварӣ ба ашхосе, ки гузаришро тарғибу талқину ҳамду ситоиш мекарданд ва воқеан ҳам неруи гузаронандаи он маҳсуб меёфтанд, намонд. Шаҳрвандон дар аксари маврид онҳоро сабабгори сар задани чунин ҳолат дар ҷомеа меҳисобиданд. Хуллас, умеду боварӣ ба ояндаи неку осуда қариб ки аз байн рафта буд.

Табиист, ки коҳишёбии сатҳи зиндагӣ ва муҳтоҷии сартосарӣ аз як тараф ва дилмондагии қишри осебпазири ҷомеа аз равшанфикрону зиёиён аз тарафи дигар, барои фаъолияти ифротгароёну даҳшатафканон имкони мусоид фароҳам овард ва онҳо барои манофеи сиёсӣ ва иқтисодии шахсии худ фазои холимондаи ғоявӣ ва фарҳангиро бо мафкураи бинишҳои хурофотӣ ва таассубӣ пур карданӣ шуданд.

Дар ин ироҳ ТЭТ ҲНИ бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ ба сари миллати мо даҳшат оварва мардум аз зиндагии худ ноумед гардида, ба ҳар гуна роҳҳо ба ҷонибдории ҳизбҳои тундгаро гаравида шуданд.

Аз ин лиҳоз, роҳи самарабахши кӯтаҳ кардани дасти неруҳо ва ашхоси ифротгаро аз диди иқтисодӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дастгирии табақаи осебпазири ҷомеа маҳсуб меёбад.

Ҳоло ифротгароёну даҳшатафканони шикастхӯрдаву ниқорталаб бо истифода аз имконоти технологияи муосири иттилоотӣ минбарҳои фатвоҳои интернетии фитнаангези худро бунёд намудаанд.

Дар ин маврид рисолати ҳар як фарди огоҳ ва ватандӯсту ободгари Ватан додани посухи сазовор ба чунин роҳгумзадагон мебошад.

Шаҳрзоди Баҳор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ