Душмани миллати хеш нагардид
Қариб даҳ соли истиқлолият тамоми неру ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардондани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардидааст.
Дар кишвар аз охири соли 2000 барои таҷдиду сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, роҳҳо ва манзилҳои зисти харобгардида аввалин барномаи барқарорсозии баъд аз низоъ қабул ва амалӣ карда шуда, ҷиҳати таҳкими пояҳои истиқлолият аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои давлатиро қабул гардид, фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи давлатиро барқарор шуд, низоми ягонаи ҳокимияти иҷроия, парламенти дупалатагӣ ва ҳокимияти мустақили судиро ташкил шуда, қонунияту тартибот ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, яъне волоияти қонунро дар ҷомеа пурра таъмин шуд.
Ҳамаи дастовардҳои кишвари мо дар ҳама соҳаҳои ҳаёт дар давоми ин солҳо ба даст овард, маҳз самараи истиқлолият мебошанд. Аммо дар бораи кирдикориҳои ҲНИ ва аъзоёни ў баҳсу мунозираҳо давом дорад. Аз баъзе манбаҳо маълум мешавад, ки маърифат ва тафаккури онҳо аз терроризму экстеримизм сарчашма гирифтааст.Масалан, дар як манба гуфта мешавад, ки “Имрӯз ҳам аксарияти масъулони бахши идеологии ташкилотҳои ифротгарои ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони миллии Тоҷикистон, ки дар кишварҳои аврупоӣ фаъолият доранд, хатмкардагони ҳамин донишгоҳи бузурги террористӣ ва кадрҳои муассисаҳои махсуси таълимии ин кишвар мебошанд. Аз ҷумла, узви раёсат ва идеологи асосии Паймони миллии Тоҷикистон Бурҳонов Саидюнус Аббосович (Сайидюнуси Истаравшанӣ) беш аз даҳ сол бо аҳли оила ва бародаронаш дар ин муассисаи террористӣ дар шаҳри Қум таълим гирифта, ҳоло ҳам зери таъминоти он мебошад... Ҳамчунин, муовини раиси ҳизби наҳзати исломӣ Кузов Шоҳнаим, узви раёсати ҲНИ, писари роҳбари пешинаи ин Ҳизб С.А.Нурӣ - Саидов Муҳаммадҷон Абдуллоевич, мудири департаменти робита бо ҷомеаи ТЭТ ҲНИ, бародарзода ва ёрдамчии шахсии раиси ПМТ Муҳиддин Кабирӣ - Кабиров Муҳамадҷон Сафарович, сухангӯи ПМТ Қаюмов Бобоҷон Тағоевич (Бобоҷони Қаюмзод), узви раёсати ТЭТ ҲНИ Ваҳҳобов Азимҷон Азизович, узви раёсати ТЭТ ҲНИ Саидов Исломҷон Асомуддинович, роҳбари намояндагии ТЭТ ҲНИ дар шаҳри Теҳрон Амонбеков Неъмат Сулаймонбекович, масъули сомонаҳои иттилоотии ТЭТ ҲНИ ва домоди раиси ПМТ Амруллоҳи Низом, муҳаррири расонаҳои ТЭТ ҲНИ, бародари Саидюнуси Истаравшанӣ Бурҳонов Аббос ва ғайра, ки ҳоло дар кишварҳои аврупоӣ худро ҳамун “демократ” ва “ҳомии ҳуқуқи башар” муаррифӣ мекунанд, маҳз дар ҳамин мактабҳои махсуси Эрон ва Сипоҳи посдорон таҳсил карда, барои иҷрои рисолатҳои махсус тайёр карда шудаанд...”. Яъне, маълум мешавад, ки наҳзатиён аз ниятҳои худ даст накашиданд ва аллакай ҷаҳонбинии онҳо ба дарди табобатнашаванда терроризму экстеримизм гирифтор шудааст. Барои ҳамин таъкидҳои Сарвари давлат хеле бамаврид аст, ки дар Паёми Пешвои миллат оварда мешавад: “Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 - ум доштанд, даст накашидаанд” (26.01.2021).
Аз ин лиҳоз, ба шаҳрвандон, олимон ва зиёиён, падарон ва модарон, сохтору мақомоти марбута зарур аст, ки мубориза зидди дар роҳи ташвиқу тарғиби тундгароии динӣ қадамҳои устувор гузошта, ҷавонон ва мардуми кишварро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят намуда, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерўҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза ба бар зидди терроризм ва экстеримизм, хурофотпарастиву ифротгарои эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Ин амалҳо яке аз шартҳои муҳимми ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм мебошад.
Усанов Р. - дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров