​Ворух ивазнашаванда

Воқеан деҳоти «Ворух», ки ҳоло ҳамчун анклав шинохта шудааст, дар асл чунин набуд. Ин нуктаро аксар мансабдорони сатҳи гуногуни кишвар зимни нишастҳои матбуотӣ ва музокироти байниҳукуматӣ бо факту далел исбот кардаанд. Аммо чун мушкили асосӣ ба даврае бармегардад, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ тобеи Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, ҳалли масъала ҳамоно печидаву мураккаб боқӣ мондааст.

Ҳарчанд ки муаммои аломатгузории марзи давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон солҳо боз идома дошта, баҳсҳои обу замин, роҳу чарогоҳ ва ҳар сари чанд вақт сар задани низоъ ба рӯҳияи сокинони Ворух бетаъсир намондааст, аммо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди милливу ватандӯстӣ имкон намедиҳад, ки онҳо дар муқобили мардуми кӯчӣ залил бошанд. Аксари онҳо зимни суҳбат изҳор доштанд, ки дар муқобили беандешагии қирғизҳо онҳо низ метавонанд бо зӯри бозу аз марзи номусашон ҳимоя кунанд, аммо чун давлат имкон ва қудрати заруриро дорост, дар такя ба фаросат ва фитрати азалии миллӣ умед ба он мебанданд, ки мушкил бо роҳи гуфтушуниди дипломатӣ ҳал шавад.

Гӯшаи зебои Ватан Ворух зодбуми таърихӣ, тамаддунсоз ва манзили аҷдодии тоҷикон буда, ҳаёту рӯзгораш ҳамчу оина инъикоскунандаи қиёснопазир аст. Мегӯянд, ки кас бузургсол шавад, таҷрибаи ҳаётиаш тарбиятгари насли ҷавон мешавад. Аз ин ваҷҳ Ворух осудагӣ, оромӣ ва дили софу одаму одамиятро азиз медорад. Мардуми солору боҳиммат ва дилкушоду маърифатпарвари Ворух дар ҳар шароит, дар ҳар вазъ ҳамеша соҳибдил буданду ҳастанд, дӯстпарвару ҳимматбаланданд.

Ман обу намаки ин деҳаи вусъатободи тоҷикон – Ворухи бо тамаддуни миллӣ решапайвандро борҳо чашидаам, аз замири дил хоҳони ободиву осудагӣ ва шукуфоии ҳаёти чӣ хурду чӣ бузургсоли онро ҷонибдораму умед мебандам бар он – сарзамини тоҷикон доиман дӯстпарвар, бо дӯст шодишарик буд, ҳаст ва чунин мемонад. Ворух гулободу заҳматобод аст, як пораи қалби тоҷикон аст!

ШАҲРЗОД БАҲОРӢ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ