​Маҳфили адабӣ: “Эй писар, хону хон!”

Дар китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ бахшида ба 880 солагии Низомии Ганҷавӣ маҳфилиадабӣ доир шуд. Маҳфил таҳти унвони “Низоми Ганҷавӣ ва осори мондагори ӯ” баргузор гардида, дар он устодон ва донишҷӯёни кафедраи адабиёти муосири тоҷик иштирок намуданд.

Ҳадаф аз иқдоми мазкур гиромидошти хидматҳои Низоми Ганҷавӣ дар адабиёт ва ҳифзи осори ӯ унвон мешавад.

Аз ҷониби иштирокчиён дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Низоми Ганҷавӣ маълумот ироа гардида, аз осори шеърҳо қироат ва шарҳ дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ